Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 245 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 245 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ҳа, бачем?
— Шумо худатонро накоҳонед, худам қаландар шуда Шаҳбонуро ёфта меорам.
— Аз куҷо меорӣ, бачем?
— Охир, ў намурдааст! Кӣ гуфт, ки ў мурдааст?
— Ба забони ширинат мурад оча, ту инро аз куҷо донӣ? Ҷои ўро низ донӣ?
— Не, оча, ҷояшро надонам, лекин дилам гўяд, ки ў намурдааст.
Ў гуфт, ки... Ў мегуфт, ки...
— Чӣ мегуфт?
— Мегуфт, ки бояд Ҳафизро бинам.
— Кай?
— Ҳамон рўз... пеш аз гум шуданаш.
— Боз чӣ гуфта буд?
— Дигар ҳеҷ чиз... Ҳа, гуфта буд, ки зудтар хатро ба Ҳафиз расонам.
— Лекин ту нарасондӣ...
— Нашуд, оча.
— Ҳаа, натавонистӣ, апаатро дошта натавонистӣ...
— Охир, ман намедонистам, бехабар мондам...
— Хайр, биё равем...
Гўё дили ў ниҳоят нарм шуда буд: «кори Худованд; ба тақдир тан бояд дод…» Ба назараш бо мардум, махсусан бо бародар муросо карда, гуноҳашро бахшида метавонист… Ў рўймол аз паси гардан ба сар кашид. Саргиракро ҳам ба хотир оварда, аз дасти писар гирифта ба сар андохт ва бардам-бардам қадам зада рафт.
Рост ба ҳавлии бародар рафт. Вале ба хона надаромада зери айвон нишаст; нигарон буд, то соҳибони хона баромада, ўро ба дарун хонанд. Зани хеле коҳида ва мисли ин модари шўрбахт хастаю бемадор Меҳринисо баромад.
— Чӣ ин ҷо шиштед, апа, ба хона дароед! – ба ташвиш афтод занак.
— Ҳамин ҷо ҳам бад не. Мардакатон нест?
— Баромада рафта буданд, даромада шинед, меомадагистанд.
Норинисо тозон баромада, худро ба пеши пои аммааш андохт ва ба гиря сар кард:
— Аммаҷон, аммаҷони ман, – зонуҳои ўро оғўш кард ва боз ҳамон суханашро такрор: – аммаҷон, аммаҷони ман!
Ў дигар чизе гуфта натавонист ва сар ба банди дили амма пахш кард. Амма низ сар бар сари ў ниҳод; бо дастон тахтапушт ва китфони ўро молидан гирифт:
— Нориҷони ман, ҷонаки ман, Шаҳбонуи ман.
Аз ин навозиш хории духтарак омад, ки «ҳу-ҳу» гиря оғозид.
Амма пой ёзида, духтаракро ба банди дил пахш карда, уреб гирифт ва баъд ба навозиш даромад:

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан