Забур дасти занашро бо ҳамон шаст тела дод ва ба пушти ў ҳам химча зад. Ин замон духтар фурсат ёфта, аз дар баромад. Ў ҳам ҷони худ ва ҳам ҷони модарро халос кардан хост. Забур мисли каси моргазида, ки аз ресмони ало тарсад, занакро ба ғами худ гузошта, башитоб аз паси духтар баромад. Духтар баромадани падарро медонист, ки аз зери айвон дур нарафт. Ў ҳам такя бар он дарахти тут зада, бозувони латёфтаашро дошта мемолид. Чун падар баромад, қарор истод. Гўё чизе нашуда буд. Забур ҳам ба ў чизе нагуфта, аз айвон берун рафт ва давр зада паҳлўи хона гузашт. Духтар аз ин рафтори падар парешон гашта, зуд назди модар даромад. Ўро сиҳату саломат дида худро ба гардани ў андохт ва онҳо хуб гиристанд...
9
Сабза дамид. Ҳомид наомад. Хонаводаҳое, ки ба камару кўҳҳо рафта буданд, баргаштанд. Селоби сангоби деҳа паст шуд. Ва хамон тагоби аслӣ ҷорӣ мешуду ҷорӣ. Сўи Зарафшон роҳ мегирифт.
Рўдак дар рўзи пурталотум чӣ гапҳои росту дурўғеро ба гўши Зарафшон бурда буд? Чӣ чизҳоеро низ расонда буд. Вале имрўз чунон ором ва бепарво ҳаракат дорад, ки аз деҳа дил намеканда бошад; гўӣ касе онро бо пушти каланд тела дода ба паҳнои дашт ронад. Ин оби доимӣ, ки баъзан дар чиллаи тобистон, рўзонаҳо зери регу сангҳо шуда ва дам-дами ғуруби офтоб сим зада рўи рег мебарояд, ҳоло ҳам хира метобад. Ҳоло ҳам гили селоби онрўза такшон нашудааст. Аз дам гирифтанаш ва аз худро тоза накарданаш барояд, ки талотуми дигарро интизор аст. Дар ин муддат касе аз Шаҳбону дараке надод. Модари ў аввал назди Бихалифа омад. Аз ў маслиҳат пурсид ва илтимос кард, ки асли воқеаро аз додараш Мир пурсид. Бихалифа ба ў фаҳмонд, ки додараш ба ин кор шарик нест ва ҳар коре, ки шуда бошад, аз дасти бародари худаш – Забур аст. Занак аз хонаи ў низ ноумед баргашт.
Ў ба дунболи писараш Мурод мерафт. Ҳавоӣ мерафт; чизеро надида, дарку эҳсос накарда, дар сар низ андешае надошт, ҷуз зиндаву мурдаи Шаҳбону. Ў мерафт, пойҳояш ўро пеш мебурданд.
Вале, вақте ки пайраҳаи танги сари обкандро мегузашт, сараш чарх зада, саҳл монд ба оби сой афтад. Нишаст. Дастонашро ба замин такя гузошт ва баъд писарашро ҷеғ зад:
— Мурод, Муродҷон!
Писар баргашта ба модар нигарист ва ҳаросида, сўи ў шитофт.
— Чӣ шуд, оча?... Чашматон сиёҳ зад?
— «Ҳа» – сар ҷунбонд ў.
— Бемадор шудаед, оча, чанд рўз аст, ки ҳеҷ чиз намехўред...
Оча?





