Вале ба ягон саволи хеш ҷавоби комил гирифта наметавонист. Пас ваҳшӣ гашта, мехост, ки бо шамшери гаронвазнаш ин каллаҳои кадусифати пур аз фисқу фуҷур ва пурнайрангро ҳамчу сабча сар занад. Бо чунин ният ў доим тайёр аст, то ба касе некие бикунад. Ў феъл ва хуни тези худро дониста, гоҳи ба хонаи Забур рафтан шамшери ба устои оҳангари ёригӣ созондаашро ҳамроҳ нагирифт. Ў умедвор, ки шамшери тез рўзе ба кор ояд. Ҳолиё дидаю дониста дар мавриди боб ин теғи бурроро истифода кардан нахост. Ў ба хонааш расида пай бурд, ки ҳамроҳ дошт ва онҳо бояд аз дунболи ў меомаданд. Аз дер мондани онҳо ба хаёлҳои пасту боло рафта ба хоҳараш Бихалифа фармуд, баромада ба роҳ нигоҳ кунад.
Бихалифа ҳолати нобоберо ҳис карда абрў гиреҳ зад ва баъд сўи дарвоза равон шуд. Гиреҳи абрўи Бихалифа на аз омадани модари Шаҳбону, балки аз тозатар шудани алами аз дил нарафтааш буд.
Ва боз гапи мардум ва бофтаи худи онҳо, ки гўё Шаҳбонуро бародари ў дуздида бошад. Офтобхон фурсати зиёде беруни дарвоза интизорӣ кашид, вале аз онҳо дарак нашуд. Оҳиста-оҳиста сари кўча баромад ва баъд танҳо баргашт...
Гоҳе ки Мир асп дар саисхона мебаст ва хоҳари ў роҳи Муроду модарашро мепоид, Забур ба моҷарои нав сар кард. Ў тамоми алам ва қавруну қасосашро аз зан ва духтараш гирифтанӣ шуда аз шохи дарахти тут як химчаи нав обгирифтаро бо дудамааш бурид ва ишора кард, ки занаш ба хона дарояд. Зан дар ваҷоҳати ў нохушиеро пай бурд ва тарсону ларзон ба хона даромад. Забур яке дар айвон химчаро шамшервор ронд, садои он мисли ҳуштак баромад. Баъд ў нўги дарози онро ҳам бо дудамааш кўтоҳ кард.
Духтарак аз кунҷи сандалӣ хеста, дар назди дарича истод.
Модар оринҷи рост бар сандалӣ такя гузошта нишаста буд. Забур ба зан чизе нагуфт, ҳатто ғайри чашмдошт, аз ҷой нахестани ўро ҳам ба назари эътибор нагирифт.
— Ту ҳамаро ба маймунбозӣ андохтӣ, ғўрамарг?! Ҳамааш кори ту буд, а?! – химчаро бар бозуи чапи ў зада шиддат кард Забур.
Духтар ба маънои «не, не» сар чунбонд ва рўй ба дарича гардонд. Баъд мардак «А, ту, ин кори ту?» гуфта ба тахтапушти ў химча задан гирифт. Аввал духтар тоқат кард, баъд дид, ки намешавад, фарёд зад:
— Худоё, худовандо, ин чӣ рўз аст? Оча, очаҷон! – ў дигар чизе нагуфт ва даст ба даҳон бурда садо ва дарду аламашро фурў нишондан хост.
Ҳарчанд занак медонист, ки дар байни кори шавҳараш даромадан барои онҳо мамнўст, дандон ба дандон монда, аз дасти ў дошта пуршаст ба пас кашид.
— Ноинсофӣ накунед, мардак, ин тифл чӣ гуноҳ дорад?!





