Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 242 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 242 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Намедонам гуфтам, намедонам! Чӣ шумо маро ба бало гирифтор карданӣ?! – лаҷомро пуршаст кашид ў.
Дасти Мурод боз ҳам аз лаҷом канда нашуд, худи ў як қадам пеш рафт ва шикамаш ба нўги пои чапи Мир бархўрд.
— Мон ин гапҳои беҳударо, бачча. Ман омадам, то ба ин пирхук фаҳмонам: ман на ба ин ҳавлӣ пой мондаам ва на хоҳарзодаи ўро дидаам. Ў беҳуда мисли саги аз гург гурехта меҷакад...
Сар деҳ, бачча!
— Агар рост, маро ҳамроҳ баред, вагарна ў маро кушад,
– пои чапи ба рикоб гузарондаи ўро маҳкам оғўш карда гуфт писарак. Мир хеле ба андеша рафт, вале ба ў чӣ ҷавоб доданро надонист.
— Не, ў туро намезанад, – оқибат чунин гап ёфт Мир.
— Мезанад, амакҷон, мезанад, шумо ўро намедонед.
— Туро барам, очаат куҷо меравад?
— Очаам ҳамроҳи мо меравад, – аз зери манаҳи мардак нигоҳ карда гуфт Мурод.
Мардак боз ба фикр рафт. Ў намедонист, ки чӣ илоҷ ёбад.
— Хайр, биёед, – гуфт оқибат Мир.
Писарак лаҷоми аспро сар дод ва ба модараш нигарист, то чӣ гўяд. Занак ҳангу манг монд. Сонӣ ягон даҳан ба бародар сухан накарда рафтагор шуд. Ба зани ў низ чизе нагуфта, қадам пеш монд. Ў саргираки зери марзаи айвон афтидаро гирифта, аз паси писар равон шуд. Дар чунин лаҳзаву ҳол Забур ба хулосае омад, ки онҳо ба ў бегона будаанд. Ба онҳо чизе нагуфт. Хоҳару хоҳарзодаро шахсони дур ҳисобида, хоҳише накард, то дар хонааш монанд. Гўӣ аз рафтанашон хурсанд аст.

Мир рафт. Аз паси ў Муроду модараш роҳӣ шуданд. Мурод сархам мерафт, модараш мисли паррандаи тирхўрдаи пару болрехта ва қаноткашолу хуншор ба худ пинҳонгаҳе меҷуст, то ба чашми касе нанамояд. Ў рафт-рафту дар кўчаи калон якбора бозистод; гўӣ ба худ омада. Ба худ омада пай бурд, ки бо як марди номаҳраму барояш бегона рафтан дорад. «Мурод!» фарёд эад ў.
«Ман рафта наметавонам, ин ҷо биё». Мурод аз ишораи модар чизеро пай бурда пас гашт.
— Чӣ шуд, оча?
— Рост аст ё дурўғ? Шаҳбонуро ҳамин бурдааст? – ба Мир ишора карда гуфт занак, – Мо дидаву дониста чӣ хел аз паси ў равем, бачем?
— Ман надонистам, оча. Ҳар ҷо, ки дилатон хоҳад, меравем.
— Ман аз паси ў намеравам...
Мир савора хеле дур рафта буд ва ба пасаш нигоҳ ҳам намекард, ки онҳо меоянд ё на. Ў ба фикру андешаҳои худ гирифтор буд. Фақат аз нокасию пастии касони нохалаф месўхт ва ба худ саволҳои зиёде медод.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан