Аммо дар вуҷуди ў чунин ният пайдо шуда буд. Хост занакро як сў тела дода, баъд ба Забур дарафтад ва деҳаро аз чунин касон тоза кунад; ин кори осон набуд. Барои ин кор ба қозию қозикалонҳо, ба назди мардуми деҳа ҷавоб додан лозим меомад.
Махсусан барои Забур, ки бо аҳли ҷоҳ қаробат дошт ва ҳамнияту ҳаммаслак буд. Лекин аз чӣ сабаб бошад, ки ин чизҳо ба назари Мир наменамуд. Занакро тела дода аз худ дур кардан хост, нашуд.
Занак ба ў сахт часпида буд.
— Як тараф ист,– боз занакро тела дод ў,– агар духтарат зинда бошад, ёфта додани ў тани ман.
— Ааа, – дастонашро аз пешбари чакмани Мир гирифта, даҳони худро дошт ва ба чашмони мардак нигариста ба сухан даромад:
–Шумо… Шу-шумо… духтари ман… мурда?
— Не, ман ин хел гуфтанӣ нестам, ман ўро надидаам. Ман бояд бо ин мардак дурусттар гап занам. Ман мехоҳам ҳама аз ў халос шавад.
— Дафъ шав аз ин ҷо, лаънатӣ!!! – ба тарафи ў тохта гуфт Забур. Вале Мир ба таҳдиди ў эътиборе надод.
— Ман лаънатӣ, ё ту? Маро ном бад, лекин ба ягон кас бадӣ накардаам. Агар ба ту барин сагон сахт омада бошам, чунин маъно надорад, ки ман бад бошам. Ту барин хуни касонро намакидаам...
— Ман ба ту, саг, баробар намешавам, вақти гап меояд.
— Медонам, ту чиро дар назар дорӣ... Намешавад… Ту аз кадом тороҷгарон мадад хостанӣ ҳастӣ?
— Дафъ шав, худозада! Ҳеҷ тороҷгар туро монад?! Ту ба ҳавлии ман чаро бепурсиш даромадӣ?!
— Ин зайл аёлмиҷоз дар бурҷи хонаат руст шуда шинӣ, ҳар кас ба хонаат дарояд. Вақти бурдани хоҳарзодаат ҳам ҳамин хел руст шуда будӣ?
— Ээ гум шав-э! – аз танаи девор калтакро бардошта таҳдид кард Забур.
Мир «ҳум» гуфта ба ў заҳрханда кард ва пас гашт, ки ба аспаш савор шавад. Вале боз занак ба ў часпид:
— Мирмаҳмад, аз барои худо гўй, ки Шаҳбону зинда аст ё мурда?
— Ман чӣ гўям ба ту, ман надидаам... Агар ягон ҷо дараки зинда буданаш барояд, ба дастат супурданаш тани ман.
— Не… таги лабат суст, ту медонӣ.
— Бовар кун, намедонам. Наход ман дидаю дониста туро азоб диҳам?– Мир бепарвоёна ба асп савор шуд, то ба роҳи омадааш боз равад. Ў лаҷоми аспро кашид, вале лаҷом аз дасти Мурод раҳо нашуд:
— Не, амак, маро бузвор тозед ҳам, сар намедиҳам. Шумо ҷои Шаҳбонуро медонед!





