— Хуҳарак, мардакатро гўй, ба хубӣ барояд...
— Хўш, ба мардаки ў чӣ кор доштӣ?– дасти дудамадори чапро пушт дошта, баромад Забур.
Мир ҳайрон шуда якбора ба сўи ў гашт ва мисли аждаре, ки ўро дармекашида бошад, чашмонашро танг карда ба ҷониби ў гардан ёзонд.
— Ту чӣ хоҳӣ аз ман? – байни айвон омада гуфт Забур.
— Ман ягон вақт аз ту ягон чиз нахостаам, лекин ту барои чӣ дар ҳама ҷо овоза кардаӣ, ки ман хоҳарзодаи туро дуздида бошам?
— Ба кӣ овоза кардаам?
— Ҳама ин гапро гўянд. Намегуфтанд, ман пеши ту намеомадам. Қадамамро ҳайф медонистам.
— Ту! Қадаматро ҳайф медонистӣ? Ту марди беандешаи адирӣ?
Мир гардани ба ҷониби ў ёзондаашро мисли сангпушт фурў кашид ва панҷаҳо гиреҳ заданд.
Забур дид, ки Мир ба хашм омадааст, дасти росташро пушт бурда теғро гирифт ва ба маънои таҳдид ба вай нишон дод.
— Ба ту теғ чӣ лозим? Ба одаме, ки мардӣ надорад, теғ кор наояд. Теғро ана ба он бачча деҳ, аз ту беҳтар ба кор барад,– ба Мурод ишора карда гуфт Мир.
Аз ин суханони ў Забур пурхашмтар шуд ва қадам пеш андохт, то якбора ба ў ҳучум кунад. Мир қасди ўро пай бурда як пой аз марза так гузошт ва ба ҳуҷуми ў омода шуд. Вале Забур таҳдид мекарду ҳамлавар намешуд. Аз афти кор, ҳам зўри худ ва ҳам зўри ўро медонист.
— Ту ҳоло мункир ҳам мешавӣ, ки он оҷизаро набурдаӣ?
— Бурда бошам, мункир намешавам. Лекин ту беҳуда устухони маро хоӣ.
— Ман саг нестам, ки устухони туро хоям.
— Ман нафаҳмидам, ки чунин одам аз кадом саг кам бошад?
— Ту лаънатӣ, бо кӣ манша мекунӣ? Болои дуздӣ – сарҳангӣ!
— Ман чии туро дуздидам, нокас? – аз ғилофи миёнаш корди калонро кашида гуфт Мир.
Забур даступо хўрда, суст шуд. Вале зан ва хоҳари ў ҳарду на ба Забур, балки ба Мир часпида, ўро боздоштанӣ шуданд. Аз ин рафтори онҳо Забур ор кард, ки якбора фарёд зад:
— Нарасед!!! Ба он ҳазарӣ нарасед!
Қарси зани ў низ аз сараш афтида, ба гардан печид ва бар китфон кашол шуда буд. Аз фарёди мардак зан суст шуда худро пас кашид, вале хоҳари ў ба Мир часпида, ба тарафи аспаш тела дод, то савор шуда равад. Мир худро мард гирифта, занро тела надод.





