Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 239 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 239 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Дурўғ не, амакаш.
Гўё бо ин тарзи гуфтор ва ифодаи «амакаш-амакаш» занак ягон чиз бурд мекард. Вале аз ин чиз хашми Мир фурў нанишаст ва ларзиши бадани Норинисо паст нагашт. Ў дар кунҷи сандалӣ нишаста, гуфтугўи онҳоро мешунид ва ба худ мепечид, ки бо як даҳан гапи дурўғ одамонро ба бало мононд ва оқибати ин ҳарфи беҷо чӣ мешуда бошад, касе надонад.
Дўғу пўписаи Мир ўро ларзонд, вале чун модар барои ҷони ҳамаро халос кардан малеҳу нарм сухан кунад; дили кўчаки ў фишор хўрд; ягона илоҷи худдорӣ он, ки лаб газаду лаб. Дар муддати кўтоҳ лабони ў кабуд гаштанд; на аз он, ки дандонҳо бар лаб фурў рафта буданд, балки аз фишори дил ва ҳаяҷони зиёд лабон сурху кабуд гашта, моил ба сиёҳӣ буданд. Ў чашмон пўшида, боз лаб зери дандон кашида, худдорӣ мекард; мабод, ки аз бурҷи сандалӣ фарёди ҷонгудозе барорад. Ў фаромўш карда буд, ки падар низ дар ин хона; аз баромадан тарсад, то дар деҳа моҷарои калон барпо нагардад.
Забур аз довталаб омадани Мир пай бурд, ки ў ба ин корҳо шарик набудаст, пас аз паҳлўи тахмон ба духтар пурғазаб ва пурнафрат нигарист. Чашмони ў дар торикии бурҷи тахмон мисли чашмони гурбаи дузд дурахшиданд. Вале ин дурахши чашмони нафратовари ўро касе надид. Дили ў низ мисли дили духтар тапидан дошт, ки Мир ба суханони зан бовар накарда, ба хона зада дарояд ва… Духтарак ин чизро пешбинӣ карда, тайёр ҳам шуда буд, то баробари аз дар ворид гаштани Мир худро даруни сандалӣ гирад, вале Забур пешакӣ сурати девор гашта буд ва тайёрии ба ҷои Шаҳбону даруни сандуқ шудан ҳам дошт.
Дар берун оромӣ шуд. Духтарак оҳиста гардан ёзонда аз роғи дарича ба берун нигарист... Ва дид, ки Мир пой аз рикоб бароварда, аз асп фаромад ва ба Мурод ишора кард, ки аспро дорад.
Норинисо аммаашро ҳам дид ва ҳайрон монда, оҳиста худро пас кашид. Баъд ба сараш зад, ки дар ин хона падараш низ ҳаст. Сар тофта оҳиста ба ў хабар расонд:
— Муроду аммаам омадаанд.
Забур ангушт ба лаб бурд, ки духтар хап истад. Баъд нўг-нўги по пеш омада, ба духтар тақлид карда аз роғ нигоҳ кард ва дид, ки Мир ба айвон баромадааст. Дид, ки занаш ба танаи тут рост шуда ва ба хоҳари ў эътиборе надода, чашм аз мардак наканда, меларзад. Ба Забур чунин намуд, ки Мир ба зани ў дармеафтад.
Ва онҳо абадӣ дар назди аҳли олам рўсўхта ва нафратзада мешаванд. Бинобар он бори дигар ба тобадони болои дар даст бурда, дудамаи меросиро гирифта, аз наём кашид ва ба даҳлез баромад.
Вай аввал хост, ки пурхашму пурғазаб ба ў дарафтида, теғ занад.
Вале дид, ки Мир аз лаби марзаи айвон рафтааст, пой боздошт.
Ва боз ба гўшаш сухани Мир расид:

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан