Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 238 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 238 аз 470 · 3 ноябри 2026

Асп зиёдтар аз ў беқарор буд.
Пойҳо бардору мон мекард, дум меҷунбонд: ҳам ифодаи беқарории худ ва ҳам изтироби соҳиб ҳувайдо месохт.
Занак наздиктар омад ва шунид, ки ў номи Забурро гирифта ҷеғ мезанад. Мардак дергоҳ ҷеғ зад, вале касе набаромад. «Забур, ҳўў Забур!» баландтар фарёд зад ў. Чун ин бор ҳам ҷавобе нашунид, Мир маҷбур шуд, аспро даруни боғ ронад. Ҷиран ба даруни боғи ў рафта назди хонааш қарор гирифт. Мир боз садо дод. Вале нн дафъа аз пас садоеро шунид.
— Боз инаш чӣ найранг? Мондагиашро ҳам бурданӣ ҳастӣ?!
Мир ба пас нигарист ва ҳамон занеро дид, ки лаҳзае пеш дар байни кўча мисли дунёбезориён бепарво ва ба чизе эътиборе надода менишаст.
— Чӣ ин қадар меҷакӣ, занак,– ҳама хашму ғазаб ба сари занак рехтанӣ шуда, фарёд зад мардак,– як чизро нафаҳмидаю надониста, гап назан. Канӣ, акоятро ҷеғ зада баро, чорбарў кунам, чӣ мегўяд!
Занак барои ҷеғ задани бародараш надаромад. Онҳо хеле чашм ба чашм истоданд, мисли сайёду хирс ҳамдигарро бо нигоҳ гурезондан хоста. Баъд «ҳуу, кадометон?» гўён зани Забур аз паҳлўи тути кунҷи айвон намоён шуд.
— Ку шўи тўҳматиат?
Занак аз саволи ногаҳонии мард дар ҳайрат монда, чӣ ҷавоб доданро надонист. Гўё шах шуда буд. Мардак пай бурд, ки ў саволашро дуруст нафаҳмид, боз пурсид:
— Аз ту мепурсам, занак, ку шўят?!
— Нестанд.
— Куҷо шудаст?
— Намедонам, ба ман чизе нагуфтаанд.
— Ту овоза кардӣ, ки ман Шаҳбонуро бурдам?!
— Ман ин хел овоза накардаам. Норинисо дидааст, ки савораҳои зиёде Шаҳбонуро гирифта бурдаанд. Гумон кардаст, ки шумо ҳам дар байни онҳо ҳастед. Шояд... шояд аз тарс ин гапро бофта, гуфта бошад,– гўшаи қарси сафедашро зери лаб кашида гуфт занак.
— Духтарат пеш аз ин маро надида буд?
— Ман надонам, амакаш...
— Агар ўро босмачиҳо бурда бошанд, чӣ хел ман дар байни онҳо буда метавонам?
— Ман надонам, амакаш.
— Ку, духтаратро ҷеғ зан, барояд!
— Ин ҷо нест, амакаш. Назди Бихалифа рафтаст.
— Дурўғ нагў, ман аз вай аниқашро фаҳмидан мехоҳам.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан