Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 237 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 237 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Даҳонатро пўш, занак! Ман на босмачиро дидаам ва на духтари туро! Ин ҳама тақали бародари худат.
— Ту рост мегўӣ?
— Рост мегўям!
— Ту як зани бечораро фиреб надеҳ,– гуфт ў ва сар ба гардани асп ниҳод.
Азиз Тахмин пеш омада панҷаҳои ўро аз лаҷоми асп халос кард ва ба ишораи сар ба Мир фаҳмонд, ки аспро ҷилав занад.
Мурод ҳам, ки то ҳанўз танбеҳи онрўзаи тағо аз ёд нарафта буд, аз банди дасти модараш дошта гуфт:
— Биёед, равем, оча! Нигоҳ кунед, мардум тамошо доранд.
— Механданд?
— Не, мегирянд.
— Пас аламашон аз дарди мо зўртар.
— Механданд ҳам...
Модари карахтгашта сар ҷунбонд.
— Ханданд, хандидан гиранд, – гуфт ва каме ба худ омада ба оби лои сой нигарист.
Мурод қарси модар бардошта, сарашро панаҳ кард. Баъд саргиракашро ҳам, ки аз замин бардошта, дошта меистод, ба сари модар андохт.
— Гардед, равем, оча,– гуфт.
— Куҷо равем?
Мурод ба саволи модар ҷавоб ёфта натавониста, ҳайрон истод.
Азиз Тахмин ба писарак ёрӣ доданӣ шуда, аз дасти ў дошта кашид ва ишора кард, ки ба хонаи ў раванд. Мурод ба модар нигарист, то ў чӣ гўяд. Занак гўӣ чизеро пай набурд ва барояш фарқе надошт, ки онҳо чӣ мегўянд. Гўӣ яқин карда, ки ҳамин асп, ин савор духтари ўро аз ҳама: аз ў, аз деҳа, аз тамоми мардуми олам бурдааст. Инак барои ба назари мардум манфур нашудан баҳона дорад, ки ба ин корҳо шарик нест.
Саргираки занак бори дигар аз сараш афтид. Баъд ў ба дуо даст бардошт, ки ин марди ба назари баъзе касон «худдонами худписанд»-ро сафари бебозгашт талабад: «Ҳазорсола бирав…»
Вале чӣ шуд, ки дастонаш дар ҳаво бозмонданд ва лабони дуогўяш ларзида, парраҳои биниаш парида, аз чашмонаш ашк шорида, бо рахҳое, ки дар ин ду рўзи охир пайдо шуда буданд, ҷўя бастанд.
Дастони ў низ поён шуданд ва занак чашмони ашкгирифтаашро пўшид. То ҳама ашкаш резад ва занак бинад, ки мард ба кадом тараф мегардад; яқин кунад, ки духтарашро ба кадом тараф бурдаанд. Ў бо мушт ашки чашмон пок кард, то рафтани мардро хубтар бинад. Аспи ў ба тарафи боғи Забур тоб хўрд. Чашмони занак кушода шуданд ва худ дар ҳайрат афтод, ки мард якбора ба он тараф ҳамлавар шуд. Мурод ҳам аз паси ў тохт. Ва чун занак аз хамгашти кўчаи калон ба ҷониби боғи падариаш гашт, аспи ҷирани Мирро дид, ки гардан ба болои девори боғи Забур дошта, соҳибаш гўӣ касеро нигарон аст.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан