Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 236 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 236 аз 470 · 3 ноябри 2026

Зану мардону баччаҳои зиёде дар парчи пул ҷамъ омада буданд. Дар ҷое, ки Забур Муродро шаллоқ зада, аз зери барф коғазро бароварда буд. Ҳолиё барф об шуда, як зан рўи замини лой нишаста, худро мезаду мехарошид, рўю мўй меканд.
Дар паҳлўи ў Мурод дар даст асо рост истода, мегирист. Касе онҳоро басанда карда натавонист. Занак бародараш – Забурро дуои бад мекард. Ва духтарбаракро зиёдтар аз он.
«— Ооо, ман муродатро мебинам, ба тўят меоям гуфта будамку!» – шеван мекард модар.
Аз ин нолаҳо Азиз Тахминро хорӣ омад, ки ба тамошобин як назар андохт ва қадам зада назди занак рафт ва қомати баландашро хам карда «хез, хоҳарам, хез!» гуфта ўро ором кардан хост, вале занак лаби зерашро газида, сар ҷунбонд. Гўё «не, гап назан, аламамро тоза накун» мегуфт. Саргираки ў аз сараш афтида, қарси дока ба гардан фаромада ва ҳалқа гашта буд. Аз рўи таомул ва нишондоди дину шариат зан набояд рўй ва сари бараҳнаи худро ба марди бегона нишон диҳад. Вале ҳоло, ки дарду алам аз сар зада, аз по гузашта буд, на дин монда буду на ҳаё.
— Хез хоҳарам, хез! – боз гуфт Азиз Тахмин.
— Хеста, чӣ кор кунам?
Аз кўчаи ҷониби масҷиди калон садои ба кўрсангҳо бархўрдани наъли асп баромад. Садои пуршаст омад. Мардум парешон шуданд. Онҳо гумон карданд, ки духтарбаракҳо омаданд. Модар ҳоло ҳам рўи роҳ нишаста буд. Паҳлўяш Азиз Тахмини қоматбаланд ва Муроди хурд, ки қадаш дар миёни мардак мезад, меистоданд.
Занак баробари онҳо рўй ба он кўча тофт; бало, он балое, ки духтарашро бурдааст, пайдо мешавад ва ў бархоста мисли даррандаи пурхашм ба аспҳо ва соҳибон дармеафтад, то духтарашро ёфта диҳанд ва ё ўро ҳам ба назди духтар баранд.
Аз даҳони кўча аспи ҷиран намоён шуд. Занак нашинохт, ки савори он кист. Ў эзоррағза пўшида, аз болои мўзаи нўғаӣ почаи эзор фуроварда буд. Ҷомааш ҳам даруни рағзаэзори тибитӣ буд.
Дар сар телпаки сиёҳ дошт ва гўшакҳои онро, шояд барои шамоли асп бошад, ба рўи гўшҳо фароварда. Ў рост назди занак омада, аспро лаҷом кашид.
— Сафар ба хайр, Мирмаҳмад?! – пурсид Азиз Тахмин.
— Ҳамин ҷоҳо,– ҷавоб дод Мир.
Занак, кӣ будани он саворро донист ва парида хеста аз лачоми аспи ў гирифт:
— Ин ту?! – чашмонашро танг карда, пурхашм пурсид ў, – Ин ту духтари маро дуздидӣ?!
— Не,– сар ҷунбонд Мир.
— Як марди баномус ба босмачиён ҳамроҳ шуда тороҷгарӣ мекунӣ? Як деҳаи ҳалолро меолоӣ?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан