Сонӣ, гўё падар ўро ба роҳ рафтан хонда бошад, қадам партофт.
— Ту барои чӣ хестӣ, писарам? – хеле ба ташвиш монда пурсид падар.
— Ҳамту аз пайи шумо баромадам.
— Биё, ба хона равем, хоб кун. Гардӣ, канда мешавӣ. Бемории кандашуда даво надорад, бачем,– гуфт ва баргашт. – Гард!
Падар аз зери бағали писар дошта, ўро ба роҳ даровард. Ончунон ки дар тифлӣ шеваи роҳ рафтан омўхта буд. Ҷомаи алочаи ў нимдошт шуда буд ва агар падар сахттар кашад, медарид. Падар ҳамин чизро дониста, саҳле мадад карда, гўё як нобинои бори нахуст манзили бегона омадаро роҳ нишон медод. Ҳафиз чанд бор даҳон пур кард, ки аз падараш қисмати Шаҳбонуро пурсад, вале шарм дошта напурсид. Падар низ аз ин боб ҳарфе назад. Гумон кард, ки Ҳафиз аз ин чиз хабар надорад. Бинобар ин ўро бурда, боз ба ҷогаҳ хобонд ва ба боғ гузашт, то дар танҳоӣ андешаву гуфтор карда алами дил паст гардонад. Барфи боғи ў, ки офтоб дертар ва камтар мерасид, сахт буд.
Дам-дами бегоҳ борон дона кард. Донаҳои калон-калони борон гўё барои сўрох кардани барф меборид. Оҳиста-оҳиста донаҳо реза шуда, борони маҳин рехт, ки аз бозмонданаш дараке набуд.
Мазмун, аз фаро расидани баҳор хабар медод. Ва шабона барфи дашту боғу теппаҳоро об кард. Борон чунон барфро хўрд, ки офтоби чандрўза чунин барфи хамиҳо ва сояҳоро об карда натавонист. Фақат дар он тарафи наҳри Зарафшон, аз ҷое, ки аз ҳама баъдтар офтоб чашм канад, барфҳо мисли азимхирсони сафед, дар зову хамиҳои шахҳои сиёҳ чилла хобидаанд. Ҷо-ҷо зери дарахтон ва буни хонаҳое, ки борон кам расида бошад, песабарф шуда буданд. Дар кўчабоғҳо ва роҳравҳо селобаҳо ҷорӣ шуданд. Ва дар сои байни деҳа чунон селе омад, ки вақти обхези баҳорон ҷўйбор чунин моломол гашта, ба шаҳпули пулҳои болою поён об расида ва баъзан канораҳоро кофта, девори ҳавлию хонаҳоро афтонда, ҷорӣ мешуд ва дар паҳнои дашт маҷро ҷуста, вале қолабшиканӣ карда, ҷўшидаву дамида соҳилу киштаҳоро пахш карда, то Зарафшон мерафт. Чунин обхезиҳо, ки шаборўз борон меборид ё жолаи сахт мезад, ба вуқўъ меомад. Вале ин обхезии новақт мардумро парешон кард. Ва мардум онро фоли ноҷо донистанд.
Одатан баъди борон ҳаво кушояд ва бештар вақт офтоб шуда камони Рустам барояд, вале борон бошад ҳам, деҳаро як тумани ғафс печонд. Ва гўӣ туман ба як катони сиёҳ табдил ёфта, ба гардану гулўи мардум печида, фишор медод, ки доду фарёдашон баромад. Овози зане ҳам баромад, ки гўӣ худро мезаду мехарошиду дод мегуфт. Азиз Тахмин ин доду фарёдро шунида гумон кард, ки баччаи кадомеро об бурдааст; занак аз ин рў доду фар.д дорад. Ў кўча баромад.





