Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 234 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 234 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ва ҳамон лаҳза духтаракро гум карда, як қад парид ва аз ҷавобаш пушаймон шуд. Каме ҳаросида аз роғи дарвоза ба ҳавлӣ нигарист, ки модар аз паси ў мепоида бошад. Хаёлҳо аз сари ў париданд ва чамиданашро ҳам ҳис накарда, тангкўчаро нишеб шуда рафт. Ў рост ба дарвозаи Мир рафт ва дар паси дар хеле нигарон истод, даст ба ҳалқаи дарвоза бурд, ки садо диҳад, вале ғур-ғури мардҳоро шунида, даст боздошт.
«— Агар рост бошад, ман рафта, гапамро гўям?» – овози ношинос буд.
«— Ман надонам, занаш гуфт» – овози падарашро шинохт ў ва худро як қадам пас кашид.
Овози онҳо торафт ба дарвоза наздик мешуд:
«— Мирмаҳмад, акнун чӣ кор кунам? Арўсшавандаамон беному нишон шудааст. Ёфт шавад ҳам, ин номусу нангро куҷо барем?..
Ў дигар ба мо лозим нест...»
«— Саросема нашавед, акои Азиз. Худо медонад, ки чӣ шудааст ва ўро кӣ бурдааст».
«— Додарам, чӣ кор карданро намедонам», «— Мефаҳмам, ако, мефаҳмам».
Ҳафиз ҳис кард, ки дасте ба ҳалқаи даруни дарвоза расид ва гўё садои бардошта шудани ғалақаи онро шунид, ки худро пас кашид. Вале ба роҳи омадааш барнагашта, гузаро шуда рафт ва дар хамгаште пинҳон гашт, то чашми падар ба ў наафтад. Ў бовар кард, ки чунин найрангро худи Забур бофтааст. «Шояд он мактуб ҳам сохтакорӣ буд?» аз дил гузаронд. Ў хост мадор пайдо карда то назди он баччае, ки барояш мактуб оварда буд, рафта, шарҳи воқеа фаҳмад. Вале натавонист. Боз аз гап тарсид. Андаке дар тангкўча истод ва рафтани падарашро тахмин карда, оҳистаоҳиста қадам зада, баргашт ва аз назди дарвозаи Мир нўг-нўги по гузашт. Чун ба тангкўчаашон дохил шуд, зўрии лати дишаба ва дарду алами ору номусро ҳис кард. Мисли кўдаке, ки ба ягон тўҳмати ноҳақ монда дарун-дарун сўзад ва худро беҳад зиқ карда, маҷбур созад, то гулўяшро буғз гирад; то касе пай барад, ки ў ҳақ аст ва ақаллан дар назди виҷдони ба найрангу фиребҳо одатнакардааш росткор будани худро исбот созад, дандон ба дандон монда, то ҳадде фишурд, ки дандонҳо ба вораҳо бозпас фурў раванд. Ў як дам бозистод. Даст ба санги осмониранги каме барҷастаи девори тангкўча гузошта, аз он мадад хост. Лаҳзае чашм пўшид. Ба назараш расид, ки ин тангкўчаи каҷукилеб монанди мори чипори ниҳоят хунук аз сўи кўҳ хазида ба водӣ фарояд ва аз паҳлўи ў гузашта, то ҷое равад, ки тамоми одамони бадимон ва нобакорро фурў кашад. Гўё мададгореро дарёфта чашм боз кард ва ҳамон лаҳза кўчабоғи ҷунбони морсурат бозистода ба шакли муқаррариаш бадал шуд. Чанд қадам дуртар садои дар барфҳои обакӣ пуршаст бархўрдани пое баромад. Ҳафиз дар рўбарў падарро дида даст аз санги хунук бардошт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан