Қаду қоматаш ба падари мўйсафедаш монанд, вале падараш харобу ў пурра. Касони Азиз Тахминро медонистагӣ таърифу тавсиф кунанд, ки ў низ дар ҷавонӣ кўҳро мезад, талқон мешуд. Ҳоло ҳам ғайраташ кам нест. Чи ғайрати ўро бинию чи ғайрати Ҳафизро. Ҳафизро он чиз лозим, то донад, ки Шаҳбонуро кӣ бурдааст, он тараф илоҷи корро меёбад. Ў ба ҳавлӣ баромад.
Падарро наёфт. Аз дари ошхона ғоз-ғоз дуд баромада, дар фазо гум мешуд. Ҳафиз лангон то ошхона рафт ва сар дарун карда модарро дид, ки лаби оташи кўрдуд нишаста, шеван мекард ва ҳар лаҳза номи ўро ба забон гирифта, гўя ба даргоҳи худованд мекард ва бар ивазаш Забурро ҳам ном бурда, аз парвардигор талаб дошт, то ўро ба балои бад гирифтор кунад: «Худованди ҳаждаҳ ҳазори олам, ба номи ширинат мурам, чандтоашро худат додию гирифтӣ. Ҳаминашро ба хуни дил калон кардам ва ин чӣ рўзе буд, ки ба сараш овардӣ? Ман ба даргоҳи поки ту чӣ бадӣ кардам? Чӣ хато аз ман гузашт? Парвардигоро, ўро дар паноҳат бигир, дар қатори бандаҳои бешуморат нигаҳ дор. Вай бандаи беозори туст. Чаро бандаҳои бегуноҳатро озор диҳӣ? Чаро Забур барин махлуқҳои худобехабар бандаҳои туро озор диҳанд? А?
Ҳамаи ин барои чӣ? Ҳафизи маро аз ёраш ҷудо кард...»
— Оча! – аз дами дари ошхона ҷеғ зад Ҳафиз.
Занак баргашта ба дар нигарист. Писар китфи рост ба паҳлўдарии сиёҳ такя гузошта меистод.
— Додом куҷо рафтанд, оча?
— Назди Мир. Гўё Шаҳбонуро ў гирифта гурехтааст.
— А? – ҳаросида як қадам ақиб рафт ў.
— Хафа нашав, бачем. Мир аз барои ту ин корро кардаст.
Ҳафиз чизе нагуфт ва лангон паси хона гузашт. Модараш ба гашти як ҷавони тануманд нигоҳ карда хориаш омад. Сар ҷунбонда аз дил чӣ андешаҳое гузаронд. Баъд оҳиста «алло–аллои бекасӣ» гуфт.
Ҳафиз гапи модарашро нашунида, паси хонаро давр гашт, то кўча баромаданашро модар набинад. Вале чун аз дарвоза бурун шуд, пиндошт, мардуми деҳа аз сари сархору бомгўшаҳо ва буни деворҳо ўро тамошо доранд, ки пас аз воқеаи имшаба чун шуда бошад. Ба ў чунин мерасад, ки касе Забурро дашном кунад ва Ҳафизро гўяд: «Мурдани йигит беҳ!» Ў беруни дарвоза бозистод.
Шевану нолаҳои модар дар гўшаш садо доданд ва аз байни садоҳо ва суханҳои ў як сурати зебо дар гавҳари чашмонаш пайдо шуд, вале Ҳафиз фарқ накард, ки ин сурат сурати кист. Баъд диққат кард, ки дар мардумаки чашмаш сурати духтараки меҳрубонаш қолаб гирифтааст. Дилшикаста, ҳазин ва рухсораҳояш хуншор тобад ва чунон ба ў бонафрат нигарад, ки гунаҳгори ҳама номуродиҳост. Ҳафиз ба нигоҳи духтар тоқат оварда натавонист; то бегуноҳ буданашро Шаҳбону фаҳмад, «не-не!» гуфта, сар ҷунбонд.





