Ў мисли мори саркўфта ба худ мепечид ва сақфи сина ба фарш сахттар пахш мекард.
Сахттар пахш мекард, то дили сода, покиза ва беғашу олоишаш зудтар таркад... Вале азобаш зўр ва дардаш зиёда гашта, баробари ҷунбидан ҷойҳои латхўрдаи бадан дард ёфта, сахттар нола мекард.
Ў дар зери ин нолаҳо ҳама чизи нолоиқ: дунёю дунёдорон, пастию баландиҳо ва ҳар чизе, ки ба назараш зишт менамуд, дашном медод. Бештар Забурро ҳақорат мекард... Пурғазаб мешуд ва шоли рўи хонаро чанг зада нохунхарош мекард. Ў чанде беёд буд, ҳатто надонад, ки чӣ хел ўро аз кўра ёфта ба ин ҷо оварданд. Ҳамин ки дар хона ба димоғаш пиёз дошта ва дасту пой ва паси гўшҳояш молида ба ҳуш оварданд, падарашро дида хориаш омад, гирист ва оҳиста-оҳиста ба падар кирдори сари кўраро ҳикоят кард. Падар дилдорӣ дод, то ором шавад. Азиз Тахмин худдорӣ карда натавониста, аз гурбадави хона досро гирифта рафт ва нимашаб баргашт. Ба писар чизе нагуфт, воқеаи гум шудани Шаҳбонуро пинҳон дошт.
Рўзи дигар воқеа дар деҳа овоза шуд. Ин чӣ рўзе буд, кас намефаҳмид; офтоб ниҳоят равшан, вале дур – дар ҷануб, дар тори силсилакўҳи Ҳисор; саҳл монда, ки ба теға часпад. Ҳама нерўяшро кўҳҳои барфгир маканд ва то ин ҷо ҳарораташ базўр расад. Роҳ рафтан ғаши касро меовард. Зеро мисли рўзҳои хунук барф зери поҳо ғаж-ғаж надошт, балки чун лой аз зери по ба ду тараф парида, гаштро малоловар мекард. Садои шалп-шалпи пойҳо низ ногувор буд.
Касони дирўз ба кўҳхо гурехта имрўз баргашта омаданд. Аз омад-омади Ҳомид дараке нест. Гўё бахшише, ки дар ин деҳа насибаш гардад, ўро муносиб набуд; андеша дошт, ки бо чунин пешкаш масхараю мазоқаш кунанд. Ў духтари одамони баобрў, даҳанкалон ва зеботарин духтарони деҳоти сари роҳашро мехост; акси ҳол инҳо як ятимаро пешкаш карда бо ҳамин ҷони худро раҳонидан хостанд.
Ҳафиз дар хонаи гилии падар ғел мегашт. Шабона дарду алами ўро болин бардошта буд, рўзона ҳамааш авҷ гирифт. Ў фарёд мезад, вале дард ба касе гуфта наметавонист. Дар сар хаёли Шаҳбонуро дошт, ки ҳолаш чӣ шуда бошад? Чун хабари нохуши бурдани нисбаташро шунид, чашмон аз косахонааш барҷаста баромаданд. Гўё ҳама дард ва лату озор аз баданаш дур шуданд ва ҷои ҳамаи онҳоро як сангчаи сахт гирифт, ки андаруни дили ў ҷо шуда фишору озор медод. Ў баробари аз ҷогаҳ ҷаҳида хестан чунин дардро пай бурд ва бемадор ба тахтаи то нисфи дарича зада такя кард. Даст ёзонда табақаҳои даричаро кушоданӣ шуда дароз-дароз нафас гирифт. Нашуд. Худро бардам ҳис кард, ки аз рўи нимдевораи тахтагин гузашт. Ҳафиз як ҷавони тануманди серғайрат.





