Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 231 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 231 аз 470 · 3 ноябри 2026

Занак ба сухан лаб во накарда буд, ки Азиз Тахмин ба сўи ў гардани дарози серрагу паяшро ёзонда наъра зад:
— Ку он нокас?
— Кӣ, ако, киро мегўед?
— Ун ноасилро, мардаки номарди туро!
— Нестанд,– гўё ки сари навҷавонеро шамшер зада қалам карда бошанд, занак бо ин сухани кўтоҳ гапи ўро бурид.
— Гурехт? Писари маро кушта, гурехт?! Ман акнун интиқомамро аз кӣ гирам? Аз ту, аз як оҷизаи нотавон?.. Нее! Ман ўро меёбам! – мардак бо мўҳраи дос даричаро зад. Ва пуршаст ба занак рў оварда илова кард: – Ман ба хоҳарзодаи ў зор набудам, писари ман безан намемонд. Лекин ин чӣ кирдоре буд, ки ў кард?!! Ту чӣ гиря дорӣ? Гиря накун, ман ба ту кор надорам...
— Не,– сар ҷунбонд занак.
— Чӣ не?
— На ба шумо шуд ва на ба мо... Ўро дуздида бурданд.
— Кӣ?!
— Босмачиҳо.
— Босмачиҳо ҳоло ба деҳаи мо наомадаанд-ку?
— Надонам, Мир ҳам буд...
— Мир? Мири худамон? – гўё дигар чизҳо ва барои чӣ омаданашро фаромўш карда бодиққат пурсид ў.
— Ҳа, – оҳиста ҷавоб дод занак ва гирён ба хона даромад.
Азиз Тахмин дергоҳ зери айвон ҳайратзада биистод ва баъд ноумед баргашта рафт. Вале бовар намекард ва ақлаш ҳам намегирифт, ки Мир хамин хел рафтор карда бошад. «Барои чӣ?
Барои чӣ Мир?.. Барои он ки ўро пешкаш накунанд?.. Орияташ ба марди деҳа мерасад, мегўяд?.. Шояд гапи дигар бошад? Шояд ў ба ман, ба писари ман дандон дошт?.. Ана акнун гуфтаи худам шуд. Шўре бархост. Ҳомид-қўрбошӣ наомада, кирмҳои бадани худамон ҷунбиданд...» Азиз Тахмин то назди дарвозаи Мир фикру мулоҳиза карда омад ва бо мўҳраи дос ба дарвоза зад:
— Мирмаҳмад, ҳо Мирмаҳмад!!!
Аз дарун садои занона баромад:
— Ҳа-ю, кадомӣ?
— Мирмаҳмад дар хона?
— Не!
— Дар куҷо?
— Нисфи рўз баромада рафта буданд...
Азиз Тахмин яқин кард, ки он кор кори Мир будааст ва гапро ғоз надода, ба хона баргашт.

Ҳафиз ба сина хобида, чун мотамзада «ҳу-ҳу» гиря дошт. Кирдори Забур ба ў чунон алам кард, ки зўрии дард баҳона, ғел гаштаю печида, буғзи дил кафонданӣ буд. Дил ба фишор меовард, то якбора торс кафаду аз гапу калоча ва таънаҳои мардум ва аз зери бори гарони нангу номус раҳо ёбад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан