Мардак ба маънии ишораи занак сарфаҳм нарафт. Баъд бо нўги пой китфи ўро тела дод:
— Яъне чӣ?
Занак ба оринҷи чап афтид, вале гарданн Норинисоро бо дасти рост оғўш карда буд.
— Мардак, дурўғ не,– сар ҷунбонд ў.
— Чӣ дурўғ не? – ба болои сари онҳо хам шуда ва неши дудамаро ба сари синаи зан гузошта, бо овози пасти зери дандонӣ, вале пуртаъкиду пуртаҳдид пурсид: – Босмачиҳо?.. Мир?... Ё худатон?...
— Мардак, ягон бор ба шумо дурўғ гуфта будам? – манаҳ ларзида-ларзида ва дандонҳояш ба ҳам бархўрда гуфт занак.
Забур аз дамаш гашт ва неши дудамаро аз сари синаи зан баргирифта, ба зону нишаст ва духтарро ҷунбонда-ҷунбонда пурсид:
— Нориҷон, духтаракам, шояд ту дуруст дида бошӣ, ки онҳо киҳо буданд?
Духтарак на ҷунбид ва на ҷавобе дод...
Ҳамин вақт ба гўши Забур садои дигаре расид. Ў нафасашро дар сандуқи синааш боздошта бадиққат гўш андохт. Аз кўча садое меомад, вале чӣ гуфтанаш маълум набуд. Дили ў аз кадом нохушие дарак додагӣ барин дудамаро ба тобадон партофт. Ва худ зери айвон баромада, аз буни дарахти тут, ки як кунҷи пеши айвонро деворсифат мегирифт, оҳиста нигоҳ кард. Ҳеҷ кас набуд. Боз он садо такрор шуд. Садо аз пушти девори боғ буд.
— Ҳуу, кадомӣ? – гўё ҷавоб ва савол карда, Забур дар сари девор салладореро дид.
Забур ҳар гоҳ ба ягон чиз дурусттар диққат кардан хоҳад, чашми дурбинашро боз хурдтар ва тангтар карда, зеҳн монад.
Ҳоло чашми ў ба сари девор ҳамин зайл дўхта шуд. Саллабасаре аз сари девор гардан ёзонд. Забур ўро шинохта зери лаб «Азизи Тахмин» гуфт ва худро дар паноҳи дарахти тут кашид.
Азиз Тахминро тоқат тоқ гашта буд, ки аз рахна ва ё аз дарвоза не, балки аз тори сангдевор ба боғ гузашта сўи хона омад. Гўё ў дар паси дарахти кунҷи айвон ҷо шудани Забурро дида буд. Дар дасти ў доси лангариаш, ки тақрибан дар тамоми ҳашарҳои дарави Забур иштирок карда буд, меларзид. Шояд Забур ҳам беқаророна ларзидани доси дасти ин марди девонаавзоъро дида, худро ақиб кашида бошад. Забур пурхашму пурғазаб ва девонаву довталаб омадани марди қоқи дарозро дида, ноилоҷ занро пеш андохт, то баромада аз набудани мардина дар хона дарак диҳад. Чунин тадбир ҳам Азиз Тахминро боздошта натавонист. Ў рост ба таги айвон баромад. Чунон дилпур ва хунталаб омад, ки гўё дар паси девори боғ боз як даста ёрони хуношом маътали ишораи Азиз Тахмин бошанд.





