Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 229 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 229 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ба ту ҳамин мефорад?! Ва духтаратро чортоқ карда мебурданд, мисли ана ун Бихалифа хурсанд мешудӣ, а?!
Нее! Ман ҳоло зинда. Ана ин дудамаро аз хунаш рангин мекунам.
– Дудама аз наём охта, неши он ба паҳлўдарии дари баромад зад ва ҷунбон-ҷунбон карда бозгирифт ва аз нав ба ғилоф андохта, бошитоб аз хона бадар омад.
— Мардак! – фарёд зада аз паси шў баромад Меҳринисо,– Норӣ ба ин аҳвол, шумо куҷо меравед?!
Забур мисли деве, ки бо нафасаш ҳамаро месўзонда бошад, ба доду фарёди занак эътиборе надода ба ҳукм сари кўча баромад.
Ва мисли аспе, ки дар ҳукми даваш лаҷомашро кашида, чароғпоя мекарда бошанд, якбора бозистода, роҳи калон, санглох ва пайроҳаи ҷониби қабристонро аз назар гузаронд, касеро надида, боз сўи зан рў гардонда, бо овози баланд пурсид:
— Ўўй!.. Ба кадом тараф бурданд?!
— Ба ҳамон тараф! – сўи дашт ишора кард зан. Забур то доманаи деҳа тохта, дашти фарохи барфпўшро, ки нури моҳ рўи онро бо ранги паст сир андуда буд, аз назар гузаронд. Хеле нигарон истод ва баъд пай бурд, ки ҳамин ранги ночиз ҳам чашмони ўро бурданд ва Забур ноумед гашта, бо мушт чашмон молида-молида сўи ҳавлӣ бозпас омад. Ў яқин кард, ки нақшаҳо барбод рафт, вале бовар надошт, ки кори босмачиён бошад, зеро ба онҳо ихлосу умед баста буд, ки ягона дастгиру ҳомӣ босмачиёнанд. «Ба сағирҳо сахт омадам, худо нишонам дод». Чунин андешаро баланд гуфта натавонист. «Не-не, найранг… Инҳо ҳама ёри Бихалифа, ёри ман Худост. Босмачӣ буд, аввал бояд маро медид. Аввал Худо, сонӣ босмачиён маро ба мурод хоҳанд расонд. Маро фиреб додан кори осон нест…»
Баъд фикре ба сараш зада, ба роҳравҳо, тангкўча ва рахнаҳо ва саҳни ҳавлӣ нигарист, ки пайи тозаи суми асп боқӣ монда ё на?
Дар роҳрав ва тангкўча нақшҳои бетартиби суми аспҳо ва дигар ҳайвонҳоро дарёфт, вале кўҳна ва ё нав будани онҳоро фарқ карда натавонист. Баъд хам шуда охурчаҳои барфини аз суми чорпоён дар рўи роҳ пайдошударо даст карда дид. Девораи охурчаҳо сахт ва яхбаста буданд. Аммо дар рахнаи девори боғ ва саҳни он аз нақши сум нишоне набуд. Мисли саге, ки дар ҳамин ҷо бўи гургро шунида бошад, сар бардошта башаст сўи хона шитофт. Дарро башитоб кушода, вале аз паси худ напўшида, ба хона даромад ва дудама аз ғилоф кашида, наъра зад:
— Кӣ буд вай?! Росташро гўй, вагарна аз дами теғ мегузаронам!
Меҳринисо, ки духтари беҳушу беёдашро сари дил медошт, дар пеши пои шавҳар мисли як кундаи береша тофт. Карахт шуд. Ва баъди фурсатҳо, гўё ба тан ҷон омада, чашм боло кард, қиёфаи тира ва ваҳшиёнаи шавҳарро дида, мижгон ба ҳам баст ва сар ҷунбонд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан