Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 228 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 228 аз 470 · 3 ноябри 2026

Сандуқ шикаста дид, як қад парид.
Танҳо худ шунид, ки фарёди бесадояш гўши фалакро кар гардонд.
Хашму ғазаби ботиниаш як даррандаи хунхори лабу даҳон ва сару панҷа хунолудро пеши чашми зан овард. Зан гурехтанӣ шуд; духтари мадҳушро танҳо нагузошт. Тешаи паҳлўи сарпўши кашоли сандуқ Забурро кушт. Ҳуш аз сари мардак парида, дод зад:
— Чӣ фалак зад?
— Босмачиҳо омаданд!
— Кадом босмачиҳо?!
— Ман нашииохтам, мардони бегона. Фақат Нориҷон дидааст, ки дар байнашон Мир ҳам будааст.
— Ба Норӣ ҳам расидаанд? – парешон шуда пурсид Забур.
— Не,– сар ҷунбонд Меҳринисо. – Мо руст шудем. Дар оғил.
Бо вуҷуди он духтар тарсид...
Забур оҳи вазнин кашид. Ва ба духтар эътиборе надода хаёлаш ба дигар тараф рафт. Ў оҳиставу амонат лаби сандалӣ нишаст ва бо кафи дасти рост пешонӣ молидан гирифт. Гўё замири ў мегирист, вале мардак ин чизро вонамуд намекард. Занак андўҳи вазнини шавҳарро пай бурд. Оҳ кашиданашро ҳам шунид, аммо надонист, ки аз чӣ рў оҳ кашид: барои Шаҳбону, барои духтар ё барои барбод рафтани нақшаҳо ва умеду армон ва ё барои номи Мирро шунидан?..
— Кадом босмачӣ мегўӣ? – яке ғурунгид ў.
— Ман босмачиҳоро нашиносам, аспсавори шамшербадаст буданд.
Забур барҷаста хест. Рост шуда аз тобадон дудамаро гирифт.
Ва худ ба худ ғур-ғур кард: «Ин ҳама фатвои хоҳари ў Бихалифа...
Рафта ўро аз дами теғ нагузаронам, номам Забур набошад...»
— Аз барои худо, пастӣ накунед! – қасдан калимаи пастиро гуфт, зоро шавҳар аз роҳ боздорад ва маҳкам аз банди дасти ў дошт. – Ин кор дар шаъни шумо нозебо... Рости гап, мо хуб нашинохтем, ки ў Мир буд ё каси дигар. Рафту Мир набошад…
ба худо, хокамонро безад. Ба ў баробар нашавед, мардак. «Забур бо сурхҳо ёр» мегўянд... Ана ба ҳоли ў нигаред,– аз бозуи шавҳар дошта ва каме рўи ўро ба тарафи духтар гардонд Меҳринисо ва сонӣ сари зону нишаста гирист. – Мардак, ба худо шукр кунед, ки бо Норинисо кору ҳоле нашуд... Ба номат мурам, парвардигор, нигаҳ дор, шарманда накун...
Забур чизе, касе, воқеае ва ё симои барояш хеле нафратовари Мирро пеши назар овард; чашмонаш кўрмуш шуданд ва ў дасти дудамадорашро фароварда нафаси пур аз хашму нафрат баровард. Баъд, гўё ки гунаҳгори воқеаи имшаба зан бошад, дандон гиз кард:
— Як муттаҳами берўю риё ба хонадони ман, ба хонадони як каси номдору баобрўи деҳа пои мурдор гузораду ман даст зери бағал шинам, а?!

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан