Норинисо аз пайи Шаҳбону баромада, як назар аз рахна гузаштани ўро дид. Гоҳе ки ба кўчаи калон баромада, куҷо рафтани ўро дидан хост, дар чашмаш нанамуд. Ў зайли Шаҳбону, ки бе ягон фикру андеша санглохро уреб гузашта, сўи қабристон рафт, башитоб ба кўча набаромад, балки тарсидаю ҳаросида қадам мемонд, ки яке падар аз пеш барояд, ба ў чӣ ҷавоб медиҳад. Мададгоре ё ҳилаю найранге надошт, фақат ба модар умед баста мерафт, ки шояд ба пешвозаш барояд. Ва якбора чунон ба шитоб рафт, ки гўё ба касе хабари хуш расонда, муждагонӣ мегирифта бошад. Ў тохту аз дучор омадани падар ҳарос дошт. Вале айнан дар ҷое, ки падар Муродро дучор омада, найранг сохта буд, модарро дучор омад. Духтарак воқеаро баён карда натавониста, гирист:
— Оча, оча, ўро бурданд.
— Киро?
— Шаҳбонуро.
— Кӣ?
— Мардакҳо!
— Кадом мардакҳо?
— Ношинос, ба назарам амаки Мир ҳам буданд...
— Худоро шукр, ки туро набурдаанд.
— Ман руст шудам... Ба додом мегўем, ки мо гурехтем, онҳоро нашинохтем. Шумо нагўед, ки ман набудам... Тарсида гурехтем, гўед.
— Боз худат ягон кор накарда бошӣ, духтарам? Росташро гўй!
Духтар аз ин савол каме суст шуд. Вале худро гум накарда, хушгўӣ кард:
— Наход ба шумо дурўғ гўям. Наход шумо ба ман бовар накунед?
— Ман-ку бовар мекунам, лекин додот чӣ? Ў бовар мекунад?
Духтарак ба саволи модар ҷавоб ёфта натавонист ва гапро дигар карданӣ шуда:
— Тезтар гардем, аз додом пештар равем, – гуфт ва модарро майл ба пеш дод.
Онҳо зери айвон пой гузоштанду Норинисо беҳушу беёд шуда афтид. Модараш ўро бардошта, ба хона дароварда хобонд:
— Тарсидӣ, Нориҷон? Аз онҳо тарсидӣ? – пурсид ва аз сатил як пиёла об гирифта, ба сару рўи духтар пошида буд, ки касе аз зери айвон сурфид. Занак парешон шуда, аз дар нигарист ва шўро дида дод зад:
— Ҳа, кори кардаат саратро хўрад! – ба шў дарафтоданӣ шуда, чангол зад.
Забур ҳайрон шуда, ба занаш нигарист. Пиндошт, Шаҳбону даруни сандуқ мурдааст. Чун аз дар даромада, духтар рўи хона беёд дид, тарсиду ларзид...





