Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 226 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 226 аз 470 · 3 ноябри 2026

Гўё як даста дуде буд, ки аз оташи рўяш бархоста ба пушт мерафт. Ва бештар ин дастаи мўй ба алами сиёҳи мотамӣ монанд буд... Шаҳбону метохту метохту метохт ва чунин ба назар мерасид, ки охирин қуввааш сарф шуда, ба рўи роҳ меафтад ва хунукӣ дилу ҷигарашро лесида, як умр абгору нокор гардонад.
Вале зўраш то охири роҳ расид. Наафтида то пули Калони чўбии Дупула тохт. Мадораш намонд, бозистод. Дилаш тез зад. Нафасаш якка шуд. Мисли мурғи дар гармо сўхта, даҳон кушода нафас мегирифт. Пиндораш, сари сина таркида, дил аз даруни он берун ҷаҳида, барфи сафеди рўи пулро рангин мекунад. Шаҳбону чашм пўшида, лаб сахт газид, то дили беқарори хеш боздорад. Нафас дарун кашида боздошт, ки тапиши дил ором мегашта бошад. Тапиши дил сахттар шуд. Ба назар, на дил, балки касе ба сарсинааш сахт-сахт кўба мезад.
Шаҳбону садои пурталотуми Зарафшонро нашунид. Он наҳри серобро, ки гоҳи ҳамроҳи модар рафтан ва ҳамроҳи тағо бозгаштан дида буд, надид. Балки он рўд набуд. Дар болотар, ки Зарафшон паҳновар шуда, баъд ду шоха гашта, аз зери пулҳои калонӣ ва хурдӣ мегузашт, об набуд. Балки ҳама ҷоро барф пўшида, ҷўйборе байни рўдбори барфпўшро бурида мегузашт, ки дар сафедии шаб мисли ресмон метофт. Ва ин об дар ин қадар хунукӣ ҳам ях набаста, дар зери пули Калон ҳавза шуда, дар бехи камар гирдоберо ташкил медод. Гўё аз бехи камар роҳе буд, ки оби Зарафшон он ҷо фурў мерафт. Духтарак дар партави моҳтоб ва сафедии барф ҳама чизро як лаҳза аз назар гузаронд. Гўё дақиқаҳои охирин буд, то аз ҳаёт баҳра бардорад. Беҳтарин лаззат ва хушие, ки дар ҳаждаҳ соли умр дида ва чашида буд, ҳамин олами барфпўш, оби шаффоф ва ҳавои тоза буд, ки шуш ва замири ўро барҳаво гардонда буд. Дигар ҳеҷ чиз барои ў вуҷуд надошт: на одаму олам, на хешу табор, на ишқу муҳаббат ва на рўзу рўшноӣ. Ҳа, ў боз як чизи зебо дид: ҳу он ҷо – дар лаби об чашмони зебо метобанд.
Онҳо мисли қатраҳои калони симоб равшан ва гирдаанд, ҳатто чашмрабо. Шаҳбону то ин дам чунин чизи зеборо надида буд.
Ба ў хуш омад ва баъд кадом афсонаҳои деву паридор ба ёдаш зада, ҳаросид. «Наход! Наход, ки онҳо маро ба пеши худ хонанд?
Наход, ки ман барои онҳо лозим бошам?..» Шаҳбону ба чашмони зебои онҳо ба диққат нигарист ва хам шуда аз пои чапаш латтаи тарро кушод. Дароз дошта, ду-се қат кард ва як бори дигар ба он чашмони зебои камари рўд нигарист. Гўё чашмҳо ўро безобита карданд. «Ҳозир, ҳозир назди шумо меравам». Ў сари пул рост истод ва латтаро ба рўи ду каф гирифта, чунон ки ба «омин»
даст бар рўй кашанд, нисфи саллаи кабудчаи Забурро пас бурда, чашмон бубаст.
Аранге ба гўшаш садое даромад: «Ҳе-ҳе-ҳееей... Шаҳбонууу!!!»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан