Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 225 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 225 аз 470 · 3 ноябри 2026

Боз пеш рафт. Андешид: «Чаро аз Норинисо напурсидам, ки ба Ҳафиз хабар расонд ё на?.. Наход Ҳафиз омадани маро пай набурда бошад?..» Ў беихтиёр ба пас нигарист. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз набуд. Роҳашро давом дод. Гўё боз уллоси гургро шунид: «Тамом, акнун тамом... Ин беҳтар аст... Биёед-биёед... Шумо аз ў беҳтар...
Шумо аз баору баномустар,– васвоснамо оғўш кушода гуфт ў.
– Аз ман наҳаросед, омадан гиред!» Бадани арақкардааш хунук хўрд. Баъд аз рафтор монда, дар як ҷо шах шуд. Ў боз боғотро аз назар гузаронида, гумон кард, ҳоло аз бехи ҳар дарахт ҷонваре баромада, ба ў хоҳад дарафтод. «Не, шумо маро хўрда наметавонед, шумо маро кушта наметавонед. Аҷалам дар дасти худам аст...» Гўё ба гургҳо муроҷиат карда гуфт Шаҳбону аз паҳлўи боғот ҳаросон гузашта, ба дашти кушод, ки мисли баҳри шир метофт, баромад. Дар паҳнои дашт садде набуд, то пеши роҳи бодро гирад. Ҳаво хунуктар ва шамол бурротар шуд. Ў дастони худро зери остини куртаи карбосӣ гарм кардан хоста, зери кашҳо гирифт ва хост дашти барфпўшро миёнбур гузашта, ба роҳи калон барояд. Баногоҳ пойҳо фурў рафтанд ва ў нишаста монд. Лаҳзае наҷунбида истод ва ҳис кард, ки даме ноҷунбон истад, пойҳо кунда бикунанд. Духтарак кафи дастон рўи барф гузошта, пойҳо аз барф кашида гирифтан хост. Дастон низ фурў рафтанд. Ў гумон кард, ки чаҳор дасту пояш даруни барф шуда, он ҷо фурў монад ва барфи сард риштаи умри ўро барканад. Баъд ў, дар талоши ҳаёт, чунон дасту пой ба ҳаракат даровард, ки дар назар аз барф чанг хест. Духтарак барфҳоро зери пояш шибба карда, гўё аз онҳо зинаҳо сохта ба ҷўи чуқур ба сари вот баромад. Ин ҷо ба назари ў ҷарии мушкилбаро намуд. Дар сари вот нафаси дароз кашида сари дилашро пур кард: гўӣ аз як балои азим раҳида, баргашта ба пас нигарист. Ў нав ширинии ҷонро ҳис кард ва дил ба бозӣ даромад. Дар ҳамин лаҳза ў мадад хост. Ба ин маънӣ ба сўи деҳа чашм дўхт. Зеро умедвор буд, ки Ҳафиз хабари гурехтани ўро шунида ва ё дилаш гувоҳӣ дода, дунбола гирад. Вале дар назараш фақат чанд дарахти боғот ва девори атрофи он намуду бас. Фикру андеша кард. Дудила шуд; дудила шуд, ки баргардад ва ё бо ҳамин азм роҳашро давом диҳад. Ў мисли паррандаи афтида ба об худро афшонд; ларзид. Ларзид-ларзиду хунук хўрд ва барои он ки гарм шавад, якбора баргашта сўи роҳи калон қадам монд. Нақши пои ў дар ин роҳи барфпўш мисли рахи огарде буд, ки ҷуфтгар пеш аз заминро рондан тоба занад.
Ў ба роҳи калон баромад ва ҳис кард, ки латтаи пои росташ андаруни барф фурў монд. Вале эътиборе надода, ба ҳукме, ки аз деҳа баромада буд, сўи Дупула тохт. Ў метохт; гўӣ мисли оташ боди тунду сардро сўхта мегузашт. Аз нафаси тафсонаш, аз фағонаи ҳаври даҳонаш ҳавои пеши рўяш нарм ва гарм мешуд. Духтарак метохт. Мўи сиёҳи дар кашокашҳои имрўза парешон шударо бод қафо мебурд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан