Дастонаш чандон қувват накарданд, баъд зонувон ба сандуқ тирра монда, дастаи тешаро сўи худ кашид, мехи ошуқмаъшуқ «ғиҷиррӣ» ковок шуд. Духтарак шерак гашт ва боз тешаро бардошт, арақ кард. Аз тарсу ҳарос, мабод, ки падараш даромада ояд, дилаш сахт-сахт зад ва садояш аз сандуқ баромад.
«Агар ояд, гўям: «агар накушодам, мурда буд». Лаҳзае аз фикр гузаронд ў ва боз дами тешаро дарунтар андохта, бардошт. Ва ҳис кард, ки Шаҳбону ёрӣ дода, бо тахтапушт сарпўши сандуқро тела додан дорад. Ба ногоҳ гулмехҳои зангзада садо бароварда, аз чўб ҷудо шуданд. Норинисо гумон кард, ки дар қафаси синааш дил натапад, балки касе ба сари синааш бо путк занад. Ў боз тозон берун баромад, боз ба роҳи падараш нигарист ва филфавр даромада сарпўшро бардошт.
«Зудтар, Шаҳбону!» – пичиррос зад ў.
Шаҳбону баромад. Чун шоҳдухтар ва париҳои афсонавӣ аз сандуқ зебо, пурнур ва чашмрабою ақлбар на, балки дар партави хираи чароғи сиёҳ қутканда, лоғару бемадор намуд. Базўр нафас мегирифт.
— Вақти андеша не, Шаҳбону, гурез!
Шаҳбону Норинисоро оғўш карда бўсид ва бе ҳеҷ андеша хам шуда, аз рўи сандалӣ саллаи Забурро чанг зада гирифт ва шитобон бадар рафт. Рафтани ўро ҷуз Норинисо касе надид. Гоҳе, ки Норинисо аз паси ў баромада, модарбинӣ рафтанӣ буд, аз рахна гузаштани Шаҳбонуро бори дигар дид. Ва аз ҳамон вақт то ҳол Шаҳбону ба чашми касе нанамуд. Ў тиҳипо баромада буд. Хунукиро ҳис намекард. Ва ба ёдаш касе ҳам намерасид, ки ақаллан як сари қадам даромада, хайрухуш кунад. Ў то хонақоҳи теппачаи паҳлўи қабристон тохт ва ҳаросида, дарун надаромад. Дар лаби марзаи пешайвони хонақоҳ амонат нишаст ва саллаи Забурро, ки бо худ оварда буд, ду тақсим кард ва ба пойҳои бараҳнааш печонд. На аз барои он, ки пойҳояш хунук хўрданд, бал аз он, ки фардо рўз шаваду аз паяш афтанд, нақши пой нашиносанд. Ба сўи деҳа гўш дод, ки садое ояд ё на? Садоеро нашунид. Пас оҳиста баромада, роҳашро давом дод. Бо роҳи калон на, бо бероҳае роҳӣ шуд. Аз даруни боғот нагузашт. Пушти Боғи Гаронро давр гашта, бо дашти Ёрӣ сўи Дупула равон шуд. Оромии шабонаи дашти васеъ ва боғоти сокиту ором ва боғхонаҳои бесоҳиб ба дили ў ваҳм андохтанд. Ў ҳаросид. Ҷон ширин намуд, дар бораи зиндагӣ, оламу одам андеша ронд. «Ғўрамарг шудан хуб нест».
Вале қадам суст накард. Боди тунде вазид ва то устухони ў расида гузашт. Як қад парид ва дарёфт, ки чӣ кор карданист. Гўшҳояш ҷеғ заданд. Гўё гурге уллос кашид. Дар баданаш мурғак давид.
Пеши назараш галаи гургон гузашт. Шаҳбону тарсид ва худ аз худ пои рафт боздошт. Зуд-зуд мижа зада, ба атроф нигарист. Чизе набуд.





