Вале садояш боло нашуда, Забур бо кафи даст даҳони ўро пахш кард. Ҷавон гарданак зад, то даҳон аз кафи дасти ў халос кунад, натавонист. Фақат садои ба девори дурушт бархўрдани дунбаю думғозаи ў шунида мешуд ва баробари ҳар зарбаю садо ҷони ҷавон мебаромад: аз дард ва ҳам аз нанг. Ў чашмонашро пўшида буд, гумон кард, ки бо ҳамин дарду алам хоҳад мурд.
Агар пагоҳ аз дасти инҳо раҳо шуда барояд ҳам, ин нангу номусро бардошта наметавонад. Онҳо низ донанд, ки барои нарина аз ин интиқоми сахттар нест; аз ин рў чунин ҷазоро раво дидаанд.
Мисле ки молро кушта натавонанд ва хунаш берун набаромада, дарун зада сиёҳ гашта ҳаром мурад, дами ў дарун ғалтид ва сипсиёҳ шуд, вале он чаҳор нафар ин чизро намедиданд ва бинанд ҳам, барояшон фарқе надошт. Онҳо Ҳафизро алвонҷ дода-алвонҷ дода, ба девора мезаданд. Чунин «қаҳрамонӣ»-ро то даме давом доданд, ки дигар Ҳафиз ба девори кўра бархўрдани дунбаашро ҳис намекард: мадҳуш гашта буд. Чаҳор тан ҳам ба чунин аҳвол афтидани ўро дида, чизе напурсида, ягон чиз нагуфта, Ҳафизро ба ҳолаш гузошта рафтанд.
Ҳафиз дар ин даймоҳ рўи барфи сард, рўи барфи шиббахўрдаи кўра беёд мехобид...
7
Норинисо тамоми рўз ба ҳоли Шаҳбону сўхт. Илоҷи корро наёфта, мисли мурғи посўхта рўи хона, ошхона, зери айвон ва гирди сандалӣ мегашт. Баъд он қадар, ки алағда шуд ва хунук хўрд, ба кунҷи сандалӣ нишаст. Зуд-зуд назди сандуқ омада, лаб бар маданги он гузошта мепурсид, ки аҳволи духтар чун аст. Ва чун аз зинда буданаш огоҳ шуд, андаке осуда ва хотирҷамъ гашт.
Норинисо беш аз падар фаро расидани шомро интизор буд. Ў донист, ки падар сўи кўра рафт, пой аз сандалӣ берун кашида, парида хестанӣ буд, вале ба хаёл рафта зону оғўш карда нишаст.
Баъд ба хулосаи қатъӣ омада, ҷаста хест ва ба ошхона гузашта, аз модар хоҳиш кард, то як сари қадам назди Бихалифа рафта узр пурсад. Модар аввал чунин хоҳиш кардани духтарро дида ҳайрон шуд ва ба чанд тангкўчаи фикру хаёл рафта, илтимоси ўро рад кард. Норинисо худро пеши пои модар андохт ва зорӣ кард:
«меравӣ, бояд равӣ». Модарро ба зориҳои духтар раҳм амада, назди Бихалифа рафт...
Баробари аз рахна гузаштани модар Норинисо ба хона даромад ва рахти кўрпаро гардонд, сипас илоҷи кушодани сандуқро ҷуст.
Фикре ба сараш зада, яктоз ба ошхона гузашт ва теша бардошта омад. Неши тешаро ба роғи сарпўш андохта бардошт, зўраш нарасид: маданг сахт қуфл шуда буд. Ў тозон баромада роҳи падарашро хабар гирифт, касе нанамуд. Ҳамчунон бошитоб омада, зўр зада сандуқро каме пеш кашид ва ба роғи пушти сандуқ неши тешаро гузаронда, бардошт.





