Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 222 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 222 аз 470 · 3 ноябри 2026

Касе рў-рўи барфи сафед дуздона меомад. Забур чунин дуздона қадам задани касеро дида парешон шуд: «Ҳафиз бошад?» Ҳамроҳони ў – йигитҳо ҳозир нашудаанд. Кор нохуб барин. Марди пурҷаҳли тануманд аз зўри ҷавонии ў ҳаросид. Пас худро фурўтар кашида, дурусттар зеҳн монд, то кӣ ояд. Шинохта натавонист.
Он кас бозистода ба чор тараф нигоҳ кард, рўяшро гардонда ба роҳи омадааш зеҳн монд ва касеро наднда, хотирҷамъ шуд, ки боз пойҳояшро бардору мон карда, пеш омад ва оқибат ба роҳи ҳавлии Забур нигарон монд. Ва баъд ба кўра наздик наомада, барфи кўрпаро чок карда, паси девор гузашт. Дили Забур сахтсахт тапида боз ором гирифт. Ў аз ҳамроҳон будани ин касро дониста, хотираш ҷамъ шуд.
Моҳи шомхўрда аз дишаба гўё оне дертар баромада буд, ба қуллаҳои дур ва ба ними дашт нур мепошид, дар боғот як сояи нимранг гўё рўи барфҳоро мепўшид. Нўги дарахтон моҳтоб дида буданд. Ҳаво кушода, ситораҳо аз ҳад зиёд тофтанд. Чунон тофтанд, ки ин гулҳои зеборо лаҳзае пеш борон шуста тоза карда бошад. Ҳаво кушоду сард шуд. Чунон боде бархост, ки шиками кас гурусна бошад, дандон ба дандон занонад. Забур дар кўра пинҳон буд, ба ў чандон сардбод намерасид. Вале хунук хўрд, рутубат то мағзи устухон кора кард. Як ларзид ва бод шарфаи поеро овард, ки мисли садои мўзаи ғарч буд. 3абур оҳиста сар бардошт. Аз роҳи ҳавлиаш касе меомад. Забур фаранҷӣ дурусттар ба рўй кашид, фақат чашми росташ менамуд. Он кас рост ба сари кўра омад ва як бор ба пасаш нигоҳ карда, даруни кўра даромад.
Забур ин касро шинохт ва баробари наздик омада, лаб кушодан фаранҷӣ ба сараш андохта, пахш кард. Он кас, ки ба зиддият кардан тайёр набуд, пояш лағжида афтид ва Забур «ҳуу!» гуфта шариконро хабар дод ва вазн андохта ўро пахш кард. Он кас Забурро бардошта рост шуд ва боз афтид. Забур бо тамоми қувват ўро пахш кард ва «Духтардузд туӣ? Туӣ духтардузд, а? – гўён ба дамгаҳ ва паҳлўҳои ў мушт зад. – Авлоди моро бадном карданӣ ҳастӣ, падарсаг?! Ту ҳам падарат барин тахмин карданӣ шудӣ? А, а!!» Ҳафиз на фарёд зада тавонист ва на гап задан. Ў аввал хуб ҷон канд, то аз чанги мардак халос хўрда, хезад, натавонист. Баъд илоҷе карда дастон аз зери вазни мардак раҳо карда, оҳиста-оҳиста то тавонист ўро зад. Зарбаҳои ў чандон зарбу озоре надоштанд.
Ҳафиз кўшиш кард, то пой аз зери ў раҳо карда, лагад зада ўро дур андозад ва бархезад. Дар сари кўра се каси сиёҳпўш намоён шуд. Забур онҳоро пушт карда бархост ва дилпур буд, ки ҷавон намегурезад, ё зўраш ба ў намерасад. Ҷавон ҳам ҳар се нафарро дид, пай бурд, ки аҳвол бад шавад, худро ба беҳушӣ зад. Онҳо ба кўра фаромада, мисли сагони гурусна ба маслух дарафтоданд; хам шуда аз чаҳор дасту пояш бардошта, дунбаи ўро ба девораи кўра ҷанг андохтанд. Ҳафиз дид, ки мазза аз қайла мегузарад, фарёд зад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан