Ва ба назар мерасид, ки як порча пўсти гарми нав аз тани мол ҷудо кардаро ба пои ў печонидаанд. Баччаяк башитоб ба тангкўча хам хўрд ва дили Забур ба ларза даромад, мабод, ки писарак чапғалат зада, хатро гирифта гурезад: «Таъкид накардам, ки Азиз Тахмин ё ягон каси дигар барояд, хатро надеҳ». Ў беихтиёр қадам зада аз паси баччаяк равон шуд, то бозгашти ўро зудтар бинад. Ў ба даҳонаи тангкўча расида, беқарор пойҳояшро монугир кардан гирифт.
Магар писаракро кадоме дошта ба гап гирифт, ки дер кард. Забур беқарортар шуд. Оқибат худдорӣ карда натавониста ба тангкўча даромад. Баччаяк аз он тараф омад.
— Кӣ гирифт? – тоқат накарда пурсид мардак.
— Худи акаи Ҳафиз.
— Ягон чиз пурсид?
— Нее!
— Хаайр!
— Чаро ин қадар мепурсед, амак?
— Ҳамту, писарам, мабод, ки ту хато карда бошӣ, мегўям....
Писари Расул боз тозон рафт. Вале Забур мисли мардони андешаманд мутафаккирсурат даст пушти бар гирифта, якка-якка қадам монда рафт. Сўи хонааш роҳ пеш гирифт...
6
Офтоби имрўза ҳамин кадар тавонист, ки барфи шохаҳои баландро об карда резонд. Ва аз хизмати зиёд бемадор шуда, то сари кўҳи дури Чилдухтарон расид ва гўё ҳамон ҷо мисли марди мусофир дам гирифт, хеле бозистод. Забур ҳам имрўз барои худ хеле хизмат кард ва инак фурў рафтани офтобро интизор буд.
Ў як бор сарпўши сандуқро бардошта зинда ва ё мурда будани Шаҳбонуро хабар гирифт… Пеши муллоимом рафта машварат кард, бо иштиҳои кушод дами гарм ҳам хўрд ва акнун интизор буд, ки шаб чодари сиёҳашро ба сари деҳа меандозад ва ў ба сари кўра ҳозир мешавад. Ниҳоят офтоб аз ҳамаи бадиҳо, нокасиҳо ва носозиҳои одамӣ рўй тофта, паси кўҳ шуд ва охирин зўр ҷамъ карда, қуллаҳои баланд ва нуқрафоми он тарафи рўдро бо нахҳои зарди абрешиминаш зинат дод ва пас аз фурсате он нахҳоро ҳам ҷамъ карда, мисли фариштаҳои афсонавӣ нопадид гашт. Акнун Забур мисли буме, ки сиёҳ шудани рўзро интизор шуда, ба шикор баромада бошад, саллаашро гирифта рўи сандалӣ монд ва телпаки кўҳнаи ҷо-ҷо пашмрехтаро ба сар ниҳода, сўи кўра роҳ пеш гирифт. Се йигите, ки пешакӣ таъйин карда буд, наменамуданд.
Забур аввал аз паси девор сари кўраро аз назар гузаронд ва баъд аз рахна гузашта, сари кўра рафт. Даруни кўра шуда, буна гирифт ва омадани сайдро нигарон истод.





