— Иистед – базўр нафас баровард духтар.
— Не, даро, баъд гапатро мегўӣ! – дандон гиз кард ў.
Шаҳбону худро даруни сандуқ андохт ва ҳамон дам сарпўш ўро пинҳон кард; ў пурсида натавонист, ки бо ҳамин Забур ба муродаш мерасад? Замину давлат аз даст намеравад? Мири Масчоҳ ўро деҳхудо эълон мекунад, баъд ҳама ғуломи ў мешаванд? Ва боз ягон кас ёфт мешуда бошад, ки ин панҷаҳоро тоб дода тавонад?
Ҳатто чунин шуд, ки ў дигар овоз набаровард, гўё дамаш дарун зада мурд ва агар намурда бошад, бояд бимирад.
Норинисо тоқат наоварда фарёд зада берун рафт. Забур ба ин ҳам эътиборе надода, маданги сандуқро данг-дунг садо дода, қуфл карда ва калидро ба миёнбандаш гузаронида, ба зан фармуд, то бар сандуқ кўрпа рахт занад. Ва худ гўӣ осуда шуда, баромада рафт. Ў арақ карда буд ва баробари аз дар берун шудан бод кашид. Аввал дар гармогармӣ пай набурд ва вақте ки ба сари пул расида, писари Расули оҳангарро дида ўро ҷеғ задан хост, баробари нафаси дароз кашидан сари дилаш сих зад.
Писарак пас гашта нигарист ва Забурро дида, ба маънои «чӣ мегўӣ» сар ҷунбонд.
— Ин ҷо биё!
Ў ҳайрон шуда, наздиктар омад ва салом ҳам нагуфта, нигарон истод, мардак чӣ фармояд.
— Ин ҷо биё!
Ў боз наздиктари Забур омад.
— Ҳафизи писари Азиз Тахминро мешиносӣ? – пурсид Забур.
— «Ҳа», – сар ҷунбонд бачча.
— Нағз мешиносӣ?
— «Ҳа».
— Хонаашро медонӣ?
— «Ҳа».
— Набошад, писари амакаш, як хизмат кун, ана хатро гиру бурда ба акаи Ҳафизат деҳ. Агар пурсад, ки кӣ дод, гўй, ки нисбататон Шаҳбону. Фаҳмидӣ?
— «Ҳа»!
Писарак хатро гирифта, боз ба роҳаш рафт.
— Куҷо меравӣ, бачча?
— Аввал ба хона равам, баъд мебарам.
— Набошад, ба ман деҳ!
— Охир, амак, додом тараддуди кўч дорад.
— Биёр, ту ҳам ноасил будаӣ!..
Писарак чӣ кор карданро надониста, аз паҳлўи ў гузашта, «ин хел нагўед, амак, мебарам» гуфт. Мардак гўё дигар одами мувофиқ намеёфта бошад, якравӣ накарда, розӣ шуд ва гуфт, ки то омадани бачча ў дар парчи пул меистад. Ў тохт, дар по як мўкии дарида дошт, ки нам кашида ва дарунаш пури об шуда буд.





