Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 219 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 219 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Шаҳбону, даруни сандуқ даромада шин!
Гўё касе ба шонаи чапи духтар як корд зад. Ў як қад парида, дилашро дошт ва сахт фарёд зада гирист: «Ҳуҳу... Очаҷонам, шўри духтарат хушк шавад, очаҷонам!!!» Баъд бо ду кафи даст чашмон баст, то дигар ин оламу одамро набинад. Вале якбора даст аз чашмон баргирифта, ба рўи тағо нигарист.
— Ҳамаи ин барои чӣ, тағо?
— Корат набошад, даро!
— Ягон гап бошад, ҳамту гўед, ман даруни сандуқ намедаром!
— Инаш ба ихтиёри ту не! – аз китфи духтар тела дод Забур.
— Оча, очаҷон! Духтаратро зиндабагўр мекунанд, очаҷон!
Дигар духтаратро намебинӣ, очаҷон!
— Тоза булбул шудӣ-ку, дарое!!!
— Додо, додоҷон! Пеши поятон мурам, азоб надиҳед... Набошад, маро ҳам ҳамроҳи вай дар сандуқ монед...
— Бар ўро! – ба занаш амр кард Забур.
Зани ноилоҷи ў, ки дар танаи девори хона такя зада, дир-дир меларзид ва аз тарс чизе гуфта наметавонист, карахт шуд ва ларзиши баданаш мисли хуни аз ҳаракат монда якбора бозистод. Рост ба сару рўи шавҳараш нигоҳ карда монд.
— Чӣ сурати девор шудӣ?
— Барои чӣ, додош? Ба шумо дунё медиҳанд? – содамуғамбирона пирсид занак.
— Магар ту намедонӣ, барои чӣ? – ба хашм омад ў ва як торсакӣ ба бари рўи зан зад. Занак гўё дардро ҳис накард ва лаби поёнашро зери дандон газидан гирифт. Рўйҳои сурхина ва пурра, ришу бурути сиёҳ, китфу бозу ва дилу гурдаи хирсонаи ў ба назари зан безеб, дилнокаш ва нафратовар тофтанд.
— Ту намедонӣ, барои чӣ? – давоми суханашро гуфт мардак:
– Ту кару кўр, барои ин хонадон бегона, барои ҳамин мепурсӣ...
Ту намедонӣ, ки ҳама чиз аз даст меравад: ҳам замин, ҳам давлат ва ҳам ҷою манзил... Он гоҳ чӣ, мочахар?
Баробари суханҳои ў занак лаб мехоид.
— Охир, гуноҳи мо чӣ, додо? – ларзида гуфт Норинисо. Забур ваҳшӣ гашт. Чунин намуд, ки боз як лаҳза дер монад, кор расво мешавад ва ў ба муродаш намерасад. Ангуштони ў чангак шуданд.
Пай бурд, ки мушакҳои бозувони ҳеҷ гоҳ каланд назадааш мепаранд ва чанголи кори сиёҳ надидааш ҳам чандон гиро нестанд, ки духтарро бардошта, ба даруни сандуқ гузорад ва сарпўшро ба фарқи сари ин гарданшах пахш кунад. Ба ҳар навъе, ки буд, ў аз аспи ҷаҳолат нафаромад. Аз гардани Шаҳбону чанг зад ва мисле ки ягон нобакор касеро аз паси гардан гирифта, сар ба об ғўтонда, нафасгардон карда кушад, ўро тела дода сарашро ба даруни сандуқ пахш кард.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан