Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 218 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 218 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Шаҳбону, хез, ин ҷо биё! – гўё ҳарфе дар миён нагузашта бошад, хеле нарм гуфт Забур.
Шаҳбону мақсадро нафаҳмида хестанӣ шуд ва ба назараш намуд, ки Норинисо ба хестани ў розӣ нест. Чунон вонамуд кард, ки сухани мардакро нашунидааст.
— Шаҳбону, хез! – боз такрор кард ў, – Рост ист, Норӣ! – ба гардани Шаҳбону часпидани духтарашро дида, гўӣ ба хестани ў халал мерасонда бошад, амр кард Забур.
— Додо, монед, ҳамин ҷо шинем, – ба рўи падар нигоҳ карда гуфт духтар.
— Маҳмаддоноӣ накун, хез! – оташин шуд ў. Духтарак сар бардошт ва каме якрўя шуда пурсид:
— Чӣ кор мекунед?
— Чӣ кор карданамро бо ту маслиҳат кунам? – хам шуда аз китфи ў кашид: – Хез!
— Додо!!! – фарёд зад духтар ва ба паҳлўи рост афтид.
Забур хам шуда аз бозуи чапи Шаҳбону дошт ва мадад кард, ки бархезад. Шаҳбону ба ҳурмати номи мардро доштани ў бархост ва пой аз остонаи ошхона берун ниҳод ва аз зери айвон ба саҳни ҳавлӣ баромаданӣ шуд.
— Ин тараф, ба хонаи калон! – боз ўро аз роҳаш гардонд Забур.
Гўё ба дили духтар ханҷаре расид. Ў паҳлўи посутун шах шуд.
Гўӣ Забур ба нобиное роҳ нишон диҳад, аз китфи ў дошта кашид, вале аҷаб буд, ки бо ў дағалӣ намекард:
— Ба хонаи калон!
Шаҳбону ларзону ҳаросон ба хона даромад. Ва дид, ки рахти тахмонро гирифта, дар кунҷ кўрпаҳоро чидаанд. Аммо сандуқ дар ҷояш буд.
— Шаҳбону, боз ягон гумон накунӣ! Хоҳам, ки туро руст кунам. Баъд овоза кунам, ки Шаҳбону беному нишон ғайб задааст...
Рости гап, ман туро ба писари Азиз Тахмин доданӣ нестам. Ҷихози тўяшро гардонда фиристодам.
Аз ин гап авзои Шаҳбону беҷо ва рангаш дигаргун нашуд. Ў ҳамаи ин найрангҳоро медонист ва гўё ба тақдираш тан дода буд, барои ҳамин нахост, ки бо мардак тую ман кунад. Медонист, ки хоҳ- нохоҳ Забур ўро ба даруни сандуқ меандозад. Пеши назараш ҳавои хона тира шуд. Чизеро надид ва охирин бор аз ҳаёт ва рўшноӣ баҳра бурданӣ шуда ба равзанаи болои дари миёна нигарист ва бо гўшаи чашм ба дари даҳлез зеҳн монд, ки Норинисоро бубинад ва шояд аз ин нигоҳи духтарак ў ягон чиз дарк кунад.
Норинисо аз пас омада дар кунҷи даҳлез руст шуд, вале Шаҳбону ўро надид. Пас дар чашмони ў андар ин хона субҳи козиб дамид; хона равшан ва равшану торик мешуд. Сандуқи тахмон гоҳ ба чашми ў менамуду гоҳ на.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан