Аммо Забур фикр мекард. Фикр кард, ки духтаракро аз пояш овезад; то даме, ки ҳама гуфтаҳои ўро розӣ нашавад, аз дор нагирад. Ба ин маънӣ ў худ аз худ ба чўби кафтарнишини айвон, ки ҳама вақт ду-се шировез ҳамоил меистод, нигарист. Баъд тахтапушташро як ковок карда, боз монд.
— Шаҳбону, биё даро! – худро аз дар намоён накарда ҷеғ зад Норинисо.
Шаҳбону ба хона надаромад, балки сўи ошхона рафта, даме дар рўи замин нишаст ва гиряи дар гулўяш печидаро сар дод.
Ў фарёд зада натавонист. Касеро дуои бад ҳам накарда, фақат гиряолуд аз зани тағо пурсид:
— Янга, Мурод куҷо рафта бошад?
— Ду рўз аст, ки надидаам, – оҳиста ҷавоб дод зани тағо ва гиряро дошта натавониста ашк рехт.
— Ба ў ягон гап шудааст, янга? – тамоми алами худро фаромўш карда пурсид Шаҳбону.
— Не, баромада рафта буд, барнагаштааст...– гўё барои сухан ҷавобгар мешуда бошад, боэҳтиёт гуфт ў.
Норинисо парешон ба ошхона даромад ва хабар дод, ки падараш сандуқро кофта истодааст. Модараш ҳайрон шуд ва ба хонаи дигар гузашт. Ва Норинисо худдорӣ карда натавониста, пеши Шаҳбону ба зону нишаст ва гардани ўро оғўш карда гиряолуд гуфт:
— Шаҳбону, ту бояд гурезӣ. Агар падарам зулм кунад, ман ҳам ҳамроҳат меравам.
Шаҳбону аз чизе ҳаросида, сари ўро аз китфаш дур кард ва ба чашмонаш зеҳн монда сар ҷунбонд:
— Нее. Ту бояд зиндагӣ бикунӣ. Падарат дар болои сарат мисли худо. Вале худо маро дониста, ҳазар мекунад... Ҳазар мекунад, ки ман ба номи ў қурбонӣ карда наметавонам, масҷиду мадраса сохта наметавонам. Ман аз моли ҷаҳон чизе надорам. Талхии рўзгорро насиби ман гардонид. Ба бадӣ – некӣ: инак худамро ба роҳаш қурбон мекунам...
— Шаҳбону! Апаҷони ман! Бихалифа ҳама гапро ба ман гуфт...
— Ҳа, Нисои ман, ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Вале ў мисли ман бечора аст... Нисои ман, пеш аз он, ки балое ба сарам ояд, бояд як бор Ҳафизро бинам.
— Агар имконият шавад...
Падараш ба дар ҳозир шуд. Норинисо ларзида ба Шаҳбону часпид. Ў дар ин ҳолат мисли чўҷае намуд, ки аз таъқиби бозе худро зери болҳои модар мегирифта бошад. Мазмун, аз азми падараш воқиф буд ва гўё пас аз як лаҳза онҳоро абадӣ аз ҳам ҷудо мекарданд.





