Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 216 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 216 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Аз ин ҷо дидам, ки аспат ҳаст ё не. Аспатро зин зада ба таги ғор рав, ман Неъмату Қурбонро ҳам хабар мекунам, гап ҳаст,– гуфт, лингак зад ва аспашро ба роҳ даровард.
Ў ёрони дигарро ҳам хабар карда, пештар ба таги ғор ҳозир шуд. Хеле интизорӣ кашид, пойҳояш даруни мўкӣ хунук хўрд. Ва ниҳоят чаҳор ёр як ҷо шуданд. Мир аз онҳо дида бузургҷусса ва болобаланд буд. Замон аз ў каме паст, вале шонапаҳни лўндатар ва ду нафари дигар дар китфу бозу аз онҳо метарсиданд. Инҳо йигитҳои деҳа буданд ва гўё ҳар коре, ки шавад, номусаш ба ин чаҳор тан мерасид. Онҳо гўё ки ба ягон деҳа ба бузкашӣ мерафта бошанд, так-таки адир ба роҳ даромаданд. Думҳои дарози чаҳор асп гиреҳкарда буд.
— Чӣ кор кунем? – савол партофт Мир, ки гўё масъалаи маълумро ба формула даровардан лозим бошад.
— Мирмаҳмад, мо дар миёнаи чаҳор дарё мондаем. Овозаи сурхҳо ҳасту худашон бедарак. Ҳомидаш мусулмонобод мекунам гуфта, дар деҳаҳои боло аспу йигиту духтар намонд... Ба кадомаш бовар кунем? Ба кадомаш ёр шавем?... Фикр кардан лозим, ки аз дасти мо чӣ меояд?
Ба мароми гашти аспҳо фикр карда сухан мегуфт Замон.
— Ин масъала равшан, Замонбек. Худат дидӣ, ки кофир бошанд ҳам русҳо ба касе бадӣ накардаанд, албатта, бад бошӣ, ҷазоятро мебинӣ. Вале Ҳомиди мусулмонаш чӣ кардааст? Оқсақоли Дашти Қозиро зинда ба зинда чортоқ кардааст...
— Масъала ҳоло ҳам маълум не, Замонбек? – гапи Мирро бурида ба баҳс ҳамроҳ шуд Неъмат.
— Як дараҷа, – ҷавоб дод Замонбек.
Онҳо масъалаи «Ҳомидомад»-ро чунон кашол дода, дур рафтанд, ки ҳаргиз барнамегашта бошанд. Онҳо ба сўи Ғарб мерафтанд. Агар касе аз пас нигарад гумон мекард, ки андаруни абрҳои оташгирифтаи ғуруб фурў мераванд.

5

Забур хеле азоб кашида Шаҳбонуро ёфта овард. Ва ҳамин ки
ба таги айвон по монд, мисле ки ба мурод расида бошад, дигар ба
Шаҳбону эътиборе ҳам надода, ба хона даромад. Вале аз кашокашу
ҳаракатҳои зиёд чунон хунаш тез гашт, ки нафасаш якка шуда,
филфавр бозпас омад ва пушт бар посутуни сарсинҷи айвон такя
гузошта ва барҳои чакманро ба зераш ҷамъ карда, нишаст. Чунон
тафсида сурх шуда буд, ки гумон мерафт, тамоман ба ҷаҳлу ғазаб
табдил ёфта бошад. Зану духтараш ҳатто аз тарси ў ба Шаҳбону
чизе гуфта наметавонистанд. Норинисо ба ранги паридаи ў нигарон монд ва худдорӣ карда натавониста ба хона даромад. Модари
ў ба ошхона рафт, вале Шаҳбону чӣ кор карданро надониста, зери айвон ба по истода буд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан