Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 215 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 215 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ин зайл чолокӣ ва ҳушёрию чашмони зиндаро бештар дар симои мардони ҷасур ва зирак дидан мумкин аст. Вале гарданаш баръакси каллаи хурдаш пурра, баёздор ва серрагу пай буд. Агар дастонаш гиреҳ зананд, ба путк монанд мешуданд. Гўё дар пайкари муқаррарии ў дастони қаҳрамонони афсонавиро пайванд карда буданд. Аз ҳама чизи зуднамои ў чашмони тезаш буданд. Нигоҳи ў зайле менамуд, ки дилу ҷигари касро сўрох карда мегузашт.
Садои суми аспи ў аз байни ҳавлиҳо гузашта, ба кўчаи калон баромад. Мир рў ба дашти васеъ дошт. Чашми ў ба як гурўҳ мусофирон афтид, ки баръакси ба кўҳ рафтагон даштро миёнбур карда, роҳи кадом манзили дурро пеш гирифта буданд. Лаҷоми аспашро кашида, каме боздошт ва хеле нигоҳ кард:
— Ҳа, акаи Шариф, сафар ба хайр?
— Гўё ту «Ҳомидомад»-ро намедонӣ?! – бо лаби ҷома оби бинӣ пок карда ҷавоб дод ў.
— Ҳомидомад қиёмат не-ку?... «Ҳомидомад» шудааст гуфта, ҳар кас ба ҳар тараф гурезад, деҳаро кӣ ҳомӣ мешавад?
— Домуллоимом ҳаст, давлатмандон ҳастанд, Забур ҳаст...
— Онҳо деҳаро ҳимоя намекунанд, ако, балки зану духтарҳоро пешкаш карданианд, то як лаб замину як хамба гандумашон аз даст наравад.
— Онҳо замину гандум доранд, ман чӣ? Кўдак-чўдак, – ба саволи худ ҷавоб гардонд Шариф.
— Баргардед, ако, – хоҳиш кард Мир.
— Не, додар. Дар назарам деҳаамон мисли як хаскаппаест, ки рўи об мелаппад. Додарам, аз баргаштану барнагаштани ман суде нест.
Деҳаро ин зайл ташбеҳ кардани мардак магар ўро ноумед кард, ки лаҷоми аспро кашид. Ба чӣ хаёле рафта, сар ҷунбонд ва баъд сари аспро гардонд. Ҷиран аввал йўрға гирифт, баъд гўё ки мақсади соҳибашро пай бурда бошад, ба чорхез даромад. То назди ҳавлии Замон башитоб рафт ва лаҷом кашидани соҳибашро фаҳмида, гашташро суст кард. Мир аспро боздошт ва пой ба рикоб тира карда, ба рўи зин рост шуд ва гардан ёзонда аз рўи сархор ба саисхона нигарист, ки асп ҳаст ё на. Аспи саманди ўро дар сари охур дида, фарёд зад:
— Замонбой, ҳўў Замонбой!
Саги тарғили хирсҷусса пештар аз соҳибаш фиғон бардошта, чанги барфро бароварда, то зери девор омад ва овози Мирро шинохта думак зада канор рафт.
Дари даҳлез кушода шуда, Замон чакман сари китф баромад.
Ва гардани баланди Мирро сари сархор дида ҳайрон шуд.
— Чаро аз дарвоза не? – парешон шуда ва салому алейкро ҳам фаромўш карда пурсид ў.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан