Бихалифа қисмат ва оқибати ин корро меандешид.
Ин зани пурдон ва пурдида як оқибати нофарҷом ва пуршўреро ҳис мекард. Ва беҳуда нест, ки мардум гузар-гузар ва хонахез ба камари кўҳҳо мераванд. Онҳо чунин рўзи шум ва нокомиҳоро дидан намехоҳанд. Вале имрўз ҳаво ҷиготгирифта нест. Офтоб баромада, барфи зери пойҳо об шуд. Тамоми ҷо пур-пури ҳавои тоза, аммо барои Бихалифа ҳаво намерасад. Ў намедонист, ки сарашро ба куҷо занад. Ягона илоҷаш ҳамин буд, ки назди бародараш Мир рафта маслиҳат кунад. Бихалифа аввал ба ҳавлиаш баргашта, саги Чорчашмро ҳайдав кард, дари мактабхонаро қуфл зад ва дарвозаро ҳам маҳкам карда, чодарро аз сар партофта, як ҷомаи нимдошти сиёҳро ба сар гирифта, аз саргаҳи деҳа боз нишеб шуда рафт. Ў бародарашро дар беруни дарвоза дид, ки лаҷоми аспи ҷиранро дошта, баргашта ба каси даруни дарвоза чизе мегуфт.
Офтобхон ба ҷои салом сурфид.
— Ҳа, апа? – ўро парешон ва рангпарида дида, ҳайрон монда пурсид Мир.
— Назди ту омадам, додар.
— Хўш, ягон кас ранҷонд?
Ў сар ҷунбонд ва илова кард:
— Хабар дорӣ, ки дар деҳа чӣ гапҳост?
— Хабар дорам.
— Мардум ба кўҳу камарҳо кўчида истодаанд. Мўрчаҳои ба лонаашон об рехта барин.
— Медонам.
— Аз хонадони Забур ҳам бохабар ҳастӣ?
— Не, – ҷавоб дод ў ва лаҷоми аспро каме суст кард. – Чӣ шудааст?
— Ман шаб аз ҳавлиат гузашта будам. Вале ин гапро нагуфта гузаштам, ки шояд оқибаташ хуб шавад... Намешудагӣ барин.
Шаҳбонуро ба Ҳомид пешкаш карданӣ будаанд. Духтарак гурехта ба хонаи ман омада буд, Забур ин пагоҳ омада ёфта бурд ва қариб буд, ки маро кушад. Намедонам, ки оқибаташ чӣ мешавад...
Мир ба фикр фурў рафт. Хеле ба хаёл рафт, вале ба хулосае наомада ба апааш:
— Хайр, даромада шинед, ман ҳозир баргашта меоям, – гуфта пой ба рикоб гузошт.
— Куҷо меравӣ, додар?
— Назди Замонбой. Барои маслиҳат...
— Замона хунрез, додарам, ҳушёр бош! – ба ҷои падару модарашон ба тариқи насиҳат гуфт Бихалифа.
Мир ба асп савор шуда табассум кард ва аспашро тозиёна зад. Агар кас бадиққат нигоҳ кунад, ў ба аспаш як навъ монандие дошт: кашидашикам, фарохсина буд ва дар ў як чолокие мушоҳида мешуд.





