Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 213 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 213 аз 470 · 3 ноябри 2026

Бихалифа назди дарвозаи мазор мегирист.
Шаҳбону ба худ омад, ки дар рўи дастони ўст, дасту по зад, Забур ўро ба замин гузошт.
— Худоро шукр, акнун ба пои худ меравӣ, – гуфт.
Шаҳбону меларзид. Ҳамчунон меларзид, ки дирўз бародараш Мурод аз ваҳшонияти ин мард ларзида буд. Ў илоҷе карда ба пас нигарист ва чашмаш афтид, ки Бихалифа ҳоло ҳам нигарон истодааст.
— Бихалифа! – фарёд зад ў ва Забур аз китфи ў дошта пеш кашид.
— Ман намеравам!
— Чӣ?!
— Ман бояд назди очаам равам.
— Биё, ман худам туро назди очаат мебарам.
— Не, ман бо шумо намеравам.
— Виғ-виғ накун, гард!
Шаҳбону рўи барф нишаст.
— О, мардаки ноинсоф, – фарёд зада омад Бихалифа.
— Тоза ҳам занаки берў будаӣ, ҳамин қадар ба бузбозӣ андохтӣ, бас нест, ки боз аз думи ман кашола шуда мегардӣ? Ё туро ҳам ба Ҳомидбек тортуқ кунам?
— Ҳомидбек пеш-пешу Забурбек аз қафо, – ҷавоб гардонд Бихалифа, – Ҳоло сабр кун, даррандаи ҳаром, каси пешкаш мекардагӣ ёфт мешавад, ваҳшӣ, дарранда! Илоҳӣ, дар хунат ҷўлида мурӣ!!!
— Сабр кун, ҳамаашро мебинӣ, – гуфта мардак аз миллаи духтар дошта кашид,– гард сиёҳмилла, барои ту шуда аз ҳамин килла гап шунавам?!
Духтарак саркашӣ кард, бехи мўйҳояш сахт дард ёфт. Ва мисли гўсфанди сўре, ки дар пордуми хар баста бозор мебурда бошанд, бо зўрӣ пеш мерафт.
— Сар диҳед, худам меравам, – ба қисмати талх тан додагӣ барин гуфт Шаҳбону.

4

Офтобхон илоҷе наёфт, ки Шаҳбонуро аз чанги ин дарранда халос кунад. Дилаш ончунон ба танг омада буд, ки ин мардаки қинҷири кўтоҳришро бо як мушт ба он дунё фиристодан мехост.
Вале медид, ки зўраш намерасад, аз худои таоло мадад меҷуст ва бо ҳамин тақдири ўро ба парвардигор ҳавола кард. Баъд, ки на аз ин ва на аз он мададеро надид, оҳи вазнине кашида ҷангномаҳоро ба ёд овард. Ў аз китобҳои қадим бисёр хунрезиҳо, корзорҳо ва гирудорҳоро хондааст, вале ин зайлашро не. Нахондааст, ки барои нафс шуда, хуни худро ҳаром кунӣ. Ҳатто охирин ваҳшонияти Чингизҳон, ки дили тифли гаҳвораи Ҷалолиддини Хоразмиро аз синааш барканда, пеши саг андозед, мегўяд, ин зайл даҳшатангез нанамуда буд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан