— Ё ҳазрато, гуноҳи ин оҷизаро бубахш! – сўи гўр даст ба дуо бардошта гуфт мардак ва аз гўрхона берун шуд.
Духтарак калавида ба рўи барф афтид ва сараш ба кундаи чормағзи паҳлўи гўрхона бархўрд.
— Хез, гумроҳ, ҳамаро шарманда кардӣ! – болои сари ў истода дўғ зад Забур.
Духтар беёд мехобид ва гўё суханони Забурро намешунид.
Ҳамин вақт аз кўчабоғ боз як гурўҳ одамон мағал карда гузаштанд. Онҳо чунон мерафтанд, ки гўё тамоми молу мулкашонро тороҷ ва худи онҳоро ба ягон мамлакати дур бадарға карда бошанд. Забур худро паси дарахт кашид, то ўро набинанд. Ва пас аз муддатҳо, ки намедонист Шаҳбону мурда аст ва ё зинда, ба ў наздик шуда гуфт:
— Хез акнун, айбу шарм, бин, чӣ хел мардум вовайло доранд, рўзашон сиёҳ шудагӣ барин, хез!
Пилки чашмони Забур пир-пир парида, гўё ўро аз хоби гарон бедор кард. Ў ба худ омада, хам шуд ва духтарро бардошта ба по хезондан хост. Шаҳбону мадҳуш гашта буд. Мардак худро гум кард ва ба гўрхона рў овард:
— Ё ҳазрато, ё азизу авлиё, мадад кунед! Маро шармандаву шармсор накунед!
Пас ба назди Шаҳбону ба зону нишаст ва аз дастони ў гирифта, ба хестан мадад кард ва хост, ки бар дўш бардошта барад, вале дид, ки як духтарчаи резапайкари сабуквазн аст, ба рўи даст бардошта аз мазор берун баромад. Ў дар беруни дарвоза ба занаки чодарпече, ки то нисфи соқи маҳсиаш барф баромада буд, дучор омад.
— Куштӣ? – якбора чунин савол дод занак.
Забур пурхашм шуд, дандон ба дандон монда саволашро ба занак баргардонд:
— Ман куштам, ё ту?
— Худоё, худовандо, ин чӣ рўз аст? Наход, ки ин нозанин ғўрамарг шуд?! – ларзида гуфт Бихалифа ва пештар омада, ба сару рўи духтарак зеҳн монд. Дар рўи духтар хун намонда буд.
Ба Забур нигоҳ карда, бо ҳасрат гуфт: — Чӣ кор кардӣ?
— Айби ту, занак! Ту ба вай паногоҳ намешудӣ, баргашта хона мерафт.
— Не, ин ҳеҷ гоҳ ба хонаи ту барнамегашт. Ку, ўро рўи барф гузор...
Забур ба сухани Бихалифа гўш накарда, аз ў рў гардонд ва ба роҳ даромад.
— Мардаки худсар, ўро хобон, ман дасту пояшро молам, камтар ба худ ояд, ту мурдаро ба Ҳомидат тортуқ намекунӣ-ку?
Забур ба ў ваҳшиёна нигарист ва зери лабу дандон «қанчиқ, ош накун» гуфта, рафт.





