— Қудоят – Азиз Тахмин. Мегўяд, ки ҳамин шабу рўз дар деҳа шўре бармехезад. Гапи ўро фаҳмида одамон мегўянд, ки Ҳомидқўрбошӣ дар деҳаи Ёрӣ, шаб ё саҳар ба Амондара меояд.
— Э, беақлҳо, шумо ба тахмини Азиз бовар кардед? Ба ў бовар мекунед, лекин ба ман не... Аз роҳатон гардед. Ҳомид-қўрбоширо ба кӣ зиёнаш расид, ки ба шумо расад?
— Набошад, худат барои чӣ дар Чилламазор руст шудӣ? – марде ба ў суол кард.
— Руст нашудаам, роҳгузар будам...
— Хоҳарзодаҳоро ёфтӣ? – боз пурсид дигаре.
Онҳо гўё ба дили Забур корд зада, гузашта рафтанд. Ў гумон надошт, ки аз хонааш рафтани Шаҳбону ба касе пинҳон монда бошад, барои ҳамин худро ба нодонӣ зада, тангкўчаро нишеб шуда рафт. Гўё аз Шаҳбону умедашро канд, вале то хонааш рафта натавониста, аз нимароҳ баргашт. Ў ба мазори Мулло Турсун, ки бо Чилламазор боғдармиён буд, баргашт. Дар паҳлўи пайроҳаи назди дарвозахонаи мазор як пайи навро дид, лаҳзае шах шуда, ба он нигарон монд ва баъд мисли барзагове, ки бўи хунро шунида бошад, ба ғурриш даромад. Оҳиста дарвозаро кушода зери дарвозахона шуд ва саросема паси дарро хабар гирифт. Нақши пой бар дарвозахона низ боқӣ монда буд. Вале дар пайроҳае, ки дирўз намози ҷумъахонҳо сохта буданд, ин пай боз гум шуд. Ў зери хонақоҳ ва меҳробро хабар гирифт ва ягона ҷое, ки дар ин мазор боқӣ монд, гўрхонаи Мулло Турсун буд. Забур он сў равон шуд ва нақши гумкардаашро ёфт. Аз панҷараи пеши гўрхона ба дарун нигарист, вале касеро надид. Вай ин ҷоро гўрхонаи авлиё пиндошта, надаромад ва бо овози паст ҷеғ зад:
«Шаҳбону... Шаҳбону!!!» – баъд нафасашро ба дарун гирифта, гўш андохт, вале ҷавобе нагирифт. Ба гўшаш чунин расид, ки даруни гўрхона дилаке метапад ва акси он аз гўри барқади гаҷӣ ба гўрхона паҳн мешавад. Мардак ҳама чизро фаромўш кард ва даричаи нимбози гўрхонаро кушода, дарун даромад. Ва баробари «бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» гуфта пой ба дарун ниҳодани мардак аз паҳлўи гўр як фарёди ҷонгудозе шунида шуд.
— Неее!!! Худоё, худовандо!!!
— Ҷим, Шаҳбону, хап ист! Биё, аз ин ҷо равем, увол аст.
— Не, ман намеравам, ман бояд ин ҷо бимирам!!!
— Беақлӣ накун, гумроҳ! Халқи олам чӣ мегўянд? Бе ҳамин ҳам...
Шаҳбону дигар фарёд назад, балки ду гўшаи рўймоли ба гардан печидаашро дошта, ба ду тараф сахт кашид. Забур дид, ки ў гурехтанӣ нест, кордор нашуд, то каме мадораш равад, баъд ҳамроҳ гирифта барад.
Духтарак сиёҳ гашт ва чашмонаш барҷаста баромаданд. Танҳо ҳамин вақт Забур наздик шуда дастонашро бо зўрӣ аз рўймол ҷудо кард ва худи ўро тела дода аз гўрхона берун баровардан хост.





