Ў хеле фарёд зад, ба гўшаш расид, ки чанорҳо садои ўро такрор карданд. Ҳайрон монда, ба танаи ғафс ва шохҳои чанорҳо нигарист. Баъд хоначае, ки дар гўшаи Чилламазор сохта буданд ва дар болодариаш туғе дошт, диққати ўро кашид. Аз рўи ривоят ва гуфтаҳои мардум ба ин хонача даромадан мумкин набуд, гўё ҳар касе, ки ба ин хона дарояд, қавс мешудааст. Алҳол Забур ҳама чизро фаромўш карда рафт, аз дари хонақоҳ сар халонда, хабар гирифт, хонача торик ва хомўш буд. Буме аз он ҷо парида баромад ва шамоли болҳояш бари рўи мардакро лесида гузашт. Ў ҳаросид ва «бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» гуфта калима гардонд. Ва пас гашт. Дар як они воҳид зими сиёҳ задани духтарак ўро хеле ҳайрон кард. Ў боз ба чанори азим нигарист. Ва ин чанор ҳам беқисса набуд. Гўё андаруни ин чанор париҳо зиндагӣ мекунанд. Ва агар ягон кас зери ин чанор омада онҳоро ҷеғ занад, нек бошад, париҳо фаромада ўро ҳамроҳ мебаранд ва агар бад бошад, мор шуда фаромада заҳр мезананд. Забур аз зери чанор ба шохаҳои урёни он, ки барф мисли пар сабук нишаста буд, зеҳн монда худ аз худ нарм шуд ва чунон вонамуд, ки агар париҳо баромада ўро бинанд, дар ҷаҳон аз ў нектар ва порсотар касе нахоҳад шуд. Ў даҳон пур кард, ки париҳоро ҷеғ занад, вале чӣ гуфта ҷеғ заданро надонист.
Як худашро афшонд. Ў ба кампирҳои девонаавзоъ монанд шуда буд, ки дев ё парӣ доштанашонро ба ҳама фаҳмондаю намоиш дода мегарданд. Ба назараш намуд, ки дар шохи чанор як кабўтари зебо лаҳзае намоён шуда, нопадид гашт. Ва ин кабўтарро садои ба рони хар бархўрдани халачўби роҳгузаре аз назараш дур кард.
Баъд аз кўчабоғ дуздона гапзанон гузаштани гурўҳе шунида шуд.
Забур гумон кард, ки дар ин фасли сол тоифаи ҷўгиён аз кадом раҳи дур кўч баста омадааст ва инак боғхона ҷустуҷў дорад. Ў ба сари девори Чилламазор омада, нигоҳ кард, ки тоифаи ҷўгиён не, балки як гузар аҳолии деҳа чизу чораашонро хару хингил карда, ба сафар баромадаанд. Ў аз паси девор нигарон монд, сабаби чунин ҳолро нафаҳмид. Сонӣ, то онҳо гузаштан аз байнашон Шаҳбонуро ҷуст, вале занеро, ки ақаллан либосаш ба либоси ў монанд бошад, надид.
— Ба шумо чӣ шудааст, халоиқ?! – худро аз девор ба кўчабоғ гирифта пурсид ў.
Мардум мусибатзада буданд, хомўш мерафтанд. Гўё қасам ёд карда, дамназанон мерафтанд: мабод ки аз гапашон ононро шинохта ва пай бурда боздоранд.
— Чаро кўч бастаед? Чӣ шудааст? – пурсид ў.
— Ба сарамон мусибат омадааст, Забурбек, – ҷавоб гуфт марди сиёҳриши чорпаҳлў Бадриддин, ки яке аз мардони обрўманди гузари Лаби Сой буд.
— Кӣ гуфт? – боз пурсид Забур.





