На дар Тошкент, на дар Фарғона ва на дар водии мо. Худо нигаҳдор аст. Ҳомидбек ҳоло зинда. Агар худо ёвараш шавад, ў қусури ҳама бедодиҳоро мегирад... Ҳа... ў зинда аст. Худо ўро фиристодааст, Худо...».
Забур бо чунин андешаҳо худро тасаллӣ дода, даст бар ҳалқаи дар бурд, то кушода, даромада хоб кунад. Каме ҳалқаро дошта истод. Дар паси дар чунон меистод, ки касе дарро ба рўи ў кушода «марҳамат» мегуфта бошад. Хеле истод. Гўё рўи ба хона даромадан надошт. Як ба пас нигарист. Шарфаи пои ба гўшаш расида нодуруст будааст. Бо вуҷуди он дасти ў худ аз худ дарро тела дод...
Зану духтараш ҳоло ҳам паҳлўи ҳам сар ба сандалӣ гузошта буданд. Хоб ё бедориашон маълум набуд. Дар пешгаҳи хона як ҷогаҳ партофта буданд. Забур ба онҳо кордор нашуда даромада хоб рафт... Тарс-тарс задани рагҳои чаккаҳояш ўро безобита кард.
Ў фўтаро, ки пеш аз ба ҷогаҳ даромадан ҳамроҳи ҷомаю салла паҳлўи болишт монда буд, гирифта, сарро сахт баст ва чашмашро пўшида, гўё дар олам ҳеҷ гапу калочае набошад, ҳама чиз аз сар бадар карда худро ба хоб зад...
Дар хонаи торик пагоҳ баъди намози бомдод хест. Ва ғайрати шабонааш ҷўш зада боз ба ҳавлии Офтобхон равон шуд. Вақте ки ба дарвозаи Офтобхон наздик шуд, назаре аз роғи дарвоза дид, ки як духтари шинос, дурусттараш, либосҳояш шинос, аз девори сархораш афтидаи паҳлўи харсанги сафед ба тарафи Чилламазор гузашт. «Худаш» гуфт ў. Дарвозаро тақ-тақ ҳам накарда, фарёд ҳам назада, дохили ҳавлӣ шуд ва миёнбур гузашт. Саг фиғон карда ба сўяш ҳамлавар шуд, вале занҷираш онро пас кашид. Шўр гирифтани сагро шунида соҳиба зери айвон баромад. Ва Забурро дида дод зад, то Шаҳбону овози ўро шунида, худро ба кунҷе кашад.
— Ҳой номусулмон, Забури золим, дар ҳавлии бемардина чӣ кор мекунӣ? Чаро напурсида даромадӣ?!
Забур ба суханони ў эътиборе надод. Ў дартоз ба рахнае, ки Шаҳбону гузашта буд, расид ва сари синаашро ба девор пахш карда боғро аз назар гузаронд. Ўро надид. Сари девор баромада боғҳои дигарро ҳам аз назар гузаронд. Баъд худро ба паст партофта, дар ҷустуҷўи духтар шуд. Фаши салла боло зада, мисли сайёде, ки сайди захмдорро дар рўи барф аз хуни резонаш пай гирад, бар асари нақши пои ў рафтан гирифт. Вале дар байни нақшҳои зиёде пайи навро гум кард. Як пай боло баромада буд.
Забур пай гирифта, то камари кўҳ рафт ва беҳуда буданашро пай бурда, баргашт. Боғхонаҳоро кофт. Атрофи чанорҳои азими Чилламазорро ҳам хабар гирифта, ўро наёфт. Баъд гўё аз дилсўзӣ бошад, овозашро нарм карда, ўро ҷеғ зад:
— Шаҳбону, ҳўў Шаҳбону! Қуҷоӣ, духтарам?





