Ў сарморо ҳис намекард. Гўё баробари қаҳру ғазаб аз зери пўсти ў оташ мебаромад; гумонаш, хона дарояд, мекафида бошад. Ў тахмин ба назди ҳар дарахте чанд борӣ рафта, танаи онро даст мезад. Ба гумоне, ки дар паси якеи ин дарахтон шояд Шаҳбону паноҳ ёфта бошад. Забур паси як дарахтро хабар гирифт ва ба назару хаёлаш духтар аз зери дарахте ба паси дигараш гузашта, руст шуд. То даме, ки деҳа ба хоб нарафта буд, Забур барфи рўи боғро аз тўлу арз маротибаи зиёд бурид, баъд бо нияте, ки хоб равад, ба таги айвон омад. Ба гўшаш расид, ки аз даруни дар як шевани занона мебарояд. Овози Шаҳбону пиндошт. Дарро кушода даромад, ки занаш сар бар сандалӣ ниҳода шеван мекунад ва духтараш ба ў такя зада нишастааст. Ин ҳолат Забурро девона кард.
«Болои сўхта намакоб», ҷароҳати пурғазаби мардак сўхт. Пурғазаб ба зан нигарист. Занак рост истода бе сухан нигоҳ кардани ўро дарк кард. Донист, ки чунин рафтораш ба мардак нафорида, алами ўро зиёдтар кард. Зан як бор сар бардошта, аз нав сар бар сандалӣ гузошт ва хомўш шуда пас аз андаке вақт «ҳа-ҳа-ҳа» ба дарун нафас кашида, оҳи дарозе баровард.
— Чӣ алам расид?
Занак ҷавобе надод. Аз фикр гузаронд: «Ҳамаашро худат медонӣ». Вале инро Забур нописандӣ гумон карда ба сараш омад:
— Ба ту мегўм, чӣ алам расид?!
Бадани занак ларзид, вале паст намеомадагӣ барин боз наҷунбид. Нописандӣ ба Забур тир барин расид.
— Ў, ба ту мегўм! – гуфта бо лагадаш занашро тела дод. Занак як калавид. Норинисо ўро дошта фарёд зада гиря кард ва бархоста миёни онҳо даромада пеши ғазаби падарро гирифтанӣ шуд. Вале Забур чашмашро хун гирифта буд, ки духтарашро тела дода, боз занашро лагад зад. Духтарак ин дафъа ба падараш сахт часпида:
— Додоҷон, балоякатона гирам, пеши потон мурам, – гуфта ба зорӣ, даромад.
Забур аз ҷаҳлу ғазаб базўр нафас мегирифт. Ў яқин кард, ки як нафаси дигар дар ин хона истад, мекафад. Берун баромад. Ба пешонии арақкардааш шамол расид. Ва гуё ҳамин боди сард ўро ҳушёр кард. Хаёле худро нафрат хонд: «Айби инҳо чӣ?» Вале боз аз фикраш гашт, ки чаро паст ояд...
Ў дергоҳ зери айвон рост истод. Ғами ояндаро мехўрд, ки «Шўрои Исломия» дер напоид. Умедҳо барбод меравад. Оқибати даву тозҳо чӣ мешуда бошад. Ў риши на чандон дарози сиёҳашро аз зери манаҳ даст зада пеш тела дод ва нўки онро ба даҳон бурда, газид ва ғўла кардан гирифт ва баъд гўё ки барои сухан гуфтан, тораҳои ғўла шуда ба даҳон монда халал мерасонида бошанд, тез-тез аз сари забон пуф карда ба гап даромад: «Нее, «Шўрои Исломия» – давлати мусулмонон намурдааст, иншооллоҳ, намемурад.





