Зани итоаткори ў рафтанӣ шуда, ду-се қадам пушт монд, вале пойҳояш худ аз худ бозистоданд.
— Мардак, наход, ки Бихалифаро ранҷонда бошед?
— Рав гуфтам-ку, мочахар!
— Забоната ғунда газад, беимон! – аз Бихалифа шарм дошта ба хона рафт.
— Ту ҷаббор будаӣ, беимон будаӣ. Илоҳӣ, худованди карим тамоми мусибати оламро ба сарат бор кунад.
— Даҳонатро пўш, зоғи сиёҳ!
1
— Ар нагў! Гумон мекунӣ, ки аз дўғу пўписаи ту ягон кас метарсад? Инро нағз дониста мон, ки аз дасти ту барин касони номусфурўш ҳеҷ кор намеояд. На заҳра дорӣ ва на мардӣ. Тамоми мардуми деҳ аз нияти ифлоси ту бохабар, – далерона гуфт пиразан ва гирён ҳавлии ўро гузашта ба кўча баромад.
Забур каме ҳайрон монд, баъд ба худ омада, аз паси ў шитофт.
— Додо! Додо! – аз дари хона тозон баромад духтари ў.– Додо, шумо чӣ кор кардед?
Забур ба духтараш ҷавобе нагуфта, ўро тела дод ва аз паси Бихалифа рафт.
Бихалифа ба ҳавлии худ нарафт. Аз сари пули байни деҳ ба рост ва ба тангкўчаи масҷиди калон даромад. Вақте ки Забур дари бародарашро кушода даромадани Офтобхонро дид, қадамашро боздошт ва ба фикр рафт. Бародари Офтобхон яке аз одамони баобрўи деҳа буд ва барои аз паси хоҳари ў таъқиб карда рафтан ҷавоб ҳам додан лозим меомад. Номаш ба худаш писари қозӣ, ҳоло нуфузу эътиборашро гум накардааст.
Забур саҳл монд, ки бо овози баланд ин ҷоҳу ҷалол ва Бихалифаро дашном диҳад, вале худдорӣ карда, зери лаб дашномашро гуфт ва баргашта ба хонаи Бихалифа рафтанӣ шуд. Вале пои рафт боздошт. Ва якбора ба сараш зад, ки Бихалифа метавонад аз даричаи пушти хона баромада равад ва башитоб сўи тангӣ шуд.
Чанд бор кафшҳои судашудааш дар барф лағжида ўро ба паҳлўҳо афтонд. Ў ҳар бор рост шуда остини чакмани пурбарфашро меафшонд ва ҳар чӣ ба забонаш ояд, мегуфт.
Бо вуҷуди он ки барф ҳама ҷоро ширмаҳтоб барин равшан нишон медод, Забур ҷуръати он тарафтар рафтан накард. Ҳаросид, ки торикии тангӣ мисли аждар ўро ба комаш фурў мекашад. Аз нимароҳ баргашт. Баргашту раҳораҳ аз парвезани фикр гузаронд, ки «алами Исо аз Мўсо» гуфтагӣ барин ба ҷои Шаҳбону зану духтари худро адабчин мекунад. Магар аз кирдори имрўза шармаш омад, ки ба хона надаромада, рўи боғ барф зер карда гашт.
- Дод назан!





