Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 206 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 206 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ман Шаҳбонуи туро надидаам, – гуфт занак ва рўй гардонд, ки равад. Пайкари ў меларзид.
— Ба хонаат меравӣ, Бихалифа?
— Ба хонаи ту меравам... Наздик нашав. Худо як аст, агар расӣ, чунон фарёд занам, ки тамоми мардуми деҳа ба сарат резанд.
— Ман ба ту кор надорам, Бихалифа, ҳамроҳ ба хонаат меравам, Шаҳбонуро мегуӣ, мебарояд, вассалом. Ту медонӣ, ки вай бафотиҳа аст. Шаб ё саҳар бояд тўй шавад, нисбаташ фаҳмад, чӣ мегўяд?
— Барои чӣ ту ин чизҳоро аз ман мепурсӣ? Ду сол аст, ки ў аз назди ман рафтааст, мактаб намеояд, як-ду бор омад, худат манъ кардӣ, боз аз ман мепурсӣ! Кадом рўз духтари худатро ҳам намегузорӣ, ки ба мактаб ояд, – илоҷи воқеаро пеш аз вуқўъ гирифтанӣ шуда, гуфт Бихалифа.
— Инаш ба ихтиёри ман...
— Бале, ба ихтиёри ту, лекин ош накун, ман ҳам бародар дорам, қамчини ў низ хунин... Номусулмон... нокас... ноодам... Ош накун! – Офтобхон калимаҳоро фосила ба фосила такрор карда, қадам ба қадам дур шуда, наздики рахна омад.
Забур дид, ки занак ройгон аз даст меравад, ду-се қадам ҷаҳида аз чодари сари ў дошта кашид. Бихалифа ба хонаҳо наздик омаданашонро дониста, фарёд зад. Ва Забур ҳамон замон даст ба даҳони вай пахш кард.
— Ум... ум! – талвосаи ҷон фарёд заданӣ шуд занак.
— Дамата гир! Агар овозат барояд, гила аз худат...
Бихалифа гирист ва мардакро дуо кард:
— Худоё худовандо, махов шавӣ! Ту, золими беимон, читу рўят шуд, ки ба модарат барин пиразан даст бардоштӣ?...
— Сазои ту ҳамин, пиразани беимон. Ҳамаашро ба ту гуфтам, ки барои чӣ... Акнун дамата ба дарун гирифта, пеш даро! Шаҳбонуро гўй, ки барояд...
— Норинисоюю, ҳоо, Норинисо!!! – садои зани Забур баромад, ки бо номи духтараш шавҳарашро чеғ мезад.
Забур каме суст шуд, ў гумон кард, ки Шаҳбоную Мурод омаданд ва барои ҳамин ўро ҷеғ мезананд. Ин фарёд ба тани Бихалифа низ мадор овард, вале хориаш омада, бо овози баланд гиря кард. Чунон бо овози баланд гиря кард, ки овозашро зани Забур шунида пеш омад. Ў кӣ будани занаки гирёнро намедонист, нашинохт ва сабаби гиряи ў барояш торик буд. Наздиктар омада ҳайрон монд.
Бихалифа худро дошта натавониста, ҳу-ҳу мегирист.
— Бихалифа, ба шумо чӣ шуд? – пеш омада пурсид занак.
— Рав, кордор нашав! – ўро тела дода гуфт Забур.
— Мардак, магар...
— Рав, гуфтам-ку!!!

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан