Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 205 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 205 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ааа! Не... ман... ман... ман... – худро гум кард ношинос ва мадоре наёфт, то фарёд занад. Ў ду-се қадам пушт рафта, гурехтан хост, вале осемасар ба рўи барф афтид ва даст ба сўи вай рост дошт, то наздик нашавад.
— Ин ҷо чӣ кор доштӣ, Бихалифа? – болои сари ў омада, пурсид Забур.
— Забурбек, худо умратро дароз кунад...
— Ин ҷо барои чӣ омадӣ, мегўям? – дандон ба ҳам фишурда, пурсид ў.
— Ҳеҷ, ҳамту, роҳгузар...
— Ҳаа, гумон мекунӣ, кӣ будани туро намедонам? Мактабдор гуфта, ҳама духтарҳоро аз роҳ баровардӣ. Боз ба хонаат бурда, ба онҳо ишқбозиро ёд медиҳӣ, ҳамроҳ ҳам мекунӣ...
— Ҳой Забурбек, бад кардам, тавба кардам гўй!...
— Ҷои тавба не, ҳамаашро медонам. Омадӣ, ки Ҳафизро аз ин ҷо ёфта назди Шаҳбону барӣ? – Забур хам шуда ўро кашола кард. – Канӣ хез! Шаҳбону дар куҷост?
— Намедонам.
— Надонӣ, аз куҷо ба ту маълум, ки Ҳафиз бояд ин ҷо шавад?
Бихалифаи пок!!!
— Тую ман накун, худо нишон медиҳад.
— Худо медонад, ки ман дар роҳи мусулмонӣ қурбонӣ мекунам.
— Дар роҳи мусулмонӣ одамро қурбон намекунанд. Қурбонӣ ба номи Худои Бузург аст!
— Ҳумм, хуб намедонистаию. Аз куҷо медонӣ, ки ман одам ро қурбон мекунам?
— Инро як ман не, тамоми деҳа медонад. Сар те! – чодарро аз дасти ў раҳо карданӣ шуда, кашид занак.
— Хайр, гард, Шаҳбонуро ба ман бароварда деҳ, ба дигараш кор надорам.
— Ман ўро надидаам, намедонам, дар куҷост.
— Нағз медонӣ, килла!
— Ҳў бар даҳанат лаънат, нарсаг! Садқаи дину шариат шав, беимон, «Чоркитоб» туро тиккаю пора кунад, ки муллобачча шуда ҳамин хел лафзи ҳаром гўӣ! Мурӣ, беҳ аст, рўсиёҳ!
— Шаттоҳӣ накун, – каме овозашро паст карда гуфт Забур,
– ман ба ту даст нарасондаам!
— Шиканад дастат, боз чӣ хел даст мерасонӣ?!
Дастони Забур гиреҳ шуданд, дандонҳояш садо бароварданд.
Ғазабаш дар сараш намеғунҷид. Ҳам мехост Бихалифаро зери пой помол карда, хуб шатта занад ва ҳам мехост ўро ором карда, худро як одами дуруст нишон дода, сирри дили ўро фаҳмад ва ҷои Шаҳбонуро дониста гирад.
— Шаҳбону ба ту чӣ гуфт?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан