Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 204 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 204 аз 470 · 3 ноябри 2026

Гўӣ бахт ва ё марги хеш дар хонааш дармеёфта бошад, бо ҳамон шитоб ва талвосаи зиёд аз тангкўча баромада, сўи ҳавлӣ рафт. Ў бовар дошт, ки ин дафъа Шаҳбонуро дар хона меёбад ва ҳар чӣ андешида бошад, мекунад. Гўё чанголҳои ногирояшро машқ медода бошад, раҳораҳ кушода ва пўшида, фишурда, сар медод. Шояд ў ин корро барои аз ҷаҳлу ғазаб фаромадан мекард?
Ба ҳар ҳол ин машқ то зери айвон такрор шуд ва ин бор ҳам ўро духтараш Норӣ дар зери айвон пешвоз гирифт...
Шом фаро мерасид. Забур мисли шағоле, ки ба деҳа мурғдуздӣ омада бошад, безобита буд. Ў ба роҳи кўча менигарист ва баргашта ба пайроҳае, ки сўи кўра меравад, бодиққат назар мекард.
Аз роҳи калон умедашро канд ва рахнаро гузашта, сўи кўра рафт.
Даруни кўра даромада, омадани касеро нигарон истод...
Говгум шуд. Шаби аввал аст, ки моҳ пурра баромад. Нури моҳ ва сафедии барф шабро чунон равшан карда буд, ки дар боғҳо ва ё дар дашти кушоди доманаи боғҳо ва ё дар лаби теппаҳои болои деҳа ҷонзоде пайдо шавад, аён мегардид. Забур хеле интизор шуд, пойҳояш хунук хўрд. Тоқаташ тоқ шуда рафтан хост. Пой аз кўра берун монда, ба андеша рафт: «Шаҳбону дар мактуб “бўғчаамро мебарам”, гуфтааст, вале бўғчааш нест, маълум, ки намеояд... Ҳаа, ў бояд ояд, бояд ба Ҳафиз хабар диҳад, ки имшаб чизҳоро оварда натавонист, шаби дигар меорад...» Ў аз кўра берун шудан хост.
Ба назараш чунин расид, ки то ин дам боди сарде зери барфҳо монда буд ва якбора ба ҷунбиш омада, мисли гурги гурусна дар боғхо ва даштҳо ба нўла даромад. Ва баъд пеши чашми ў як пайкари баланду мавзун дар ин ширмоҳтоб хиромида омад. Чӣ хеле буд, ки қадаммониаш ба қаду болояш мутаносиб намеафтод. Як пайкари харобу адо ва лоғару кўфта сўяш меомад. Забур худро боз даруни кўра кашида, наздик омадани ўро нигарон шуд. Барфи рўбаста дар зери пойҳои ў як нағмаи ноҷўр ва нохуше мебаровард.
Мардак бо вуҷуди ин қадар пурхашму пуралам буданаш ба ҳамин садои нофорам бештар диққат дод. Гўӣ садои по оташ шуда, ба ҷисму ҷонаш даромада бошад, баданаш арақ баровард. Баъд ў ба тасаллои хеш фаши салларо зери дандон гирифт.
Пайкари ношиноси занона ба кўра наздик омад, попартоиаш суст шуд. Ў бозистода як ба атроф нигарист. Сояи нимрангаш дар рўи барф ях баст. Сонӣ гўӣ ба баданаш гармие расида, об кушода бошад, ба пеш лағжид. Ба сари кўра омад.
— Ҳафизхон, Ҳафизхон! – садо дардод он пайкар. Садои паст ва ношинос имкон намедод, ки Забур соҳиби онро бишиносад. Ба ҳар тахмин ў аз кўра баромад ва якбора:
— Сиёҳмилла, ту киро ба бузбозӣ андохта истодаӣ? – гуфта, ба дарафтид.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан