Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 203 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 203 аз 470 · 3 ноябри 2026

Домуллоимом дароз шуда мактубро гирифт ва синча карда нигарист. Баъд, гўё ки сандалӣ оташ бароварда ўро сўзонда бошад, худро қафо кашид.
Дили Забур ба тапидан даромад. Ў сари синаи худро ба рўи сандалӣ хам кард. Интизор буд, ки домуллоимом чӣ мегўяд, панҷаҳояшро ба ҳам қуфлу калид карда, фишурдан гирифт. Ў асабӣ гашта буд, ки шом наздик шуда истодаасту ягон корро сомон карда наметавонад.
Домуллоимом ҳоло ҳам ба мактуб нигоҳ мекард.
Кадбону як хокандоз лахча оварда, лаби кўрпайи сандалиро бардошт ва дар равшании шўълаи оташ дид, ки пои шавҳараш қўри оташдончаро тит карда, болои он истодааст. «Поятонро кашед!» аз даруни сандалӣ овоз баровард занак. Мардак пояшро кашид. Занак оташро ба оташдонча андохта, лаби кўрпайи гардондаашро фаровард ва берун шуд.
— Чӣ маслиҳат медиҳед, тақсир? – баробари дарро аз паси худ пўшидани занак аз домуллоимом пурсид Забур.
— Маслиҳат ҳам дода наметавонам, Забурбек. Шумо чӣ кор карданӣ ҳастед?
— Худам ҳам намедонам, тақсир.
— Ҳоло ҳеҷ гап нашудааст. Овоза ҳам накунед. Духтарро ёфта, дар ягон ҷо қава карда монед... Рафту Ҳомидбек ба деҳаи мо надаромада, Дупуларо гузашта, рост ба Панҷакат равад?
— Ин тавр шуданаш ҳам мумкин. Хайр, тақсир!
— Ҳа?
— Ман рафта, ўро ёбам.
— Охир, дастархон биёрад...
— Нону намаки шуморо ба нав нахўрдаем, тақсир.
— Гап ин тур нашудааст, Забурбек, аз хонаи дўст даҳонн хушк намераванд.
Забур кўрпайи сандалиро, ки вақти хестан бардошта буд, бозфаровард. Ва гўш ба қимор шуд, ки домуллоимом чӣ маслиҳате мегўяд, вале ў «хўшш» гуфта оринҷ бар сандалӣ такя дод. Забур бепарвоии ўро фаҳмида хотираш ранҷид. «Тақсир, баъд бафурҷа чой менўшем» гуфта парида хест. Соҳибхона ба эҳтироми ў оҳиста аз ҷой ковок шуд. Забур гумон кард, ки ў бармехезад, аз китфаш дошта «нахезед, тақсир, наҷунбед» гуфта ва оромаш карда бозшинонд ва баъд рафтанӣ буд, ки кадбону дастархон бардошта овард.
— Нагуфтам, ки ташвиш накашед… бисмиллоҳир раҳмонир раҳим!
Забур ўро дар остона боздошта, лаби дастархонро кушода, як газ нон шикаст ва ба даҳон андохта аз ҳавлӣ баромад. Фаромўш кард, ки ҳангоми ба ин ҳавлӣ даромадан дарвозаро кушода буд, дарвозаро воз партофта рафт. Ў сиёҳ гашта буд, чунон сиёҳ гашта буд, ки гўё касе ўро хафа карда, гардиши хун ва нафасашро боздошта бошад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан