Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 202 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 202 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ёфтӣ? – дар рахнаи боғ Нориро дучор омада пурсид Забур.
— Наёфтам.
— Куҷоҳоро дидӣ?
— Ҳама ҷоро дидам.
— Муродро надидӣ?
— Не.
Забур чунон пурхашм гашта буд, ки саҳл монд Нориро ҳам мисли Мурод шаппотӣ занад. Вале ў худдорӣ кард ва беихтиёр ба тангкўчаи тарафи чап роҳӣ шуд. Дар назди дарвозаи дутабақаи сурх, ки мисли болору кодокҳои хонаҳои пурдабдаба кандакорӣ ва қабзафурўмон дошт, қарор ҳам нагирифта ва кўба ба дар назада, рост даромада рафт. Дар рўи саҳн зани қоматбаландро дучор омад, ки ҷомаро ба миён зада сатили шир дар даст аз оғил баромада буд.
— Битўтӣ, домуллоимом дар хонаанд?
— Дар хонаанд, марҳамат, дароед! – ҷавоб дод занак ва сатили ширро, ки ҳавраш баромада истода буд, ба ошхона бурд.
Забур зери айвон пойҳояшро тап-тап зада барфро афшонд ва ду-се бор сурфида, дастаи дари хонаро дошта кашид.
— Ассалому алайкум!
— Э, мулло Забур, ваалайкум! Марҳабо, марҳабо! – Домуллоимом аз рўи сандалӣ саллаи дар гарди тоқӣ печидаро гирифта бар сар ниҳод ва даст бар сандалӣ такя гузошта хест. Даст дода вохўрдӣ карданд. Домуллоимом ишора кард, то Забур ба бурҷак гузарад.
— Не, тақсир, он ҷо ҷои шумо. Бишинед, ман паҳлўятон мешинам, – гуфта пешгаҳ гузашт: – Омин! Қадам нек – бало дур, такя ба Худову расул!
— Аҳвол, кору бор, Забурбек?
— Корамон чандон хуб нест, тақсир.
— Читу?
— Воқиф ҳастед, ки мо ғўрамарги Шаҳбонуро ба Ҳомидбек тортуқ кардан хостем...
— Хуб?
— Ў муроди моро фаҳмида, гурехтанӣ шудааст. Боз бо кӣ гўед, бо писари Азиз Тахмин...
— Ло ҳавла ва ло қуввата!
— Ман ана ин мактубро аз дасти Мурод гирифтам. Ба Ҳафиз мебурдааст... Шаҳбону навиштааст, ки баъди шом дар кўраи боғи Калон вомехўранд... Лекин Ҳафиз аз ин чиз огоҳ нест. Шаҳбону ҳам гум, ҷои накофтаам намонд, наёфтам...
Забур шикани мактубро кушода, рўи сандалӣ гузошт.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан