Духтар ҳам аз нигоҳи ў рамуз гирифта, сар хам мекард, то шарикдарсонашон аз нигоҳи онҳо чизеро пай набаранд. Ҳатто Бихалифаи куҳансол ҳам аз рафтори онҳо воқиф набуд. Фақат ин дам, ки Шаҳбону гирён ҳама сирру савдоро гуфт, Бихалифа ҳайрон монд. Ў ҳоло чизе наандешида буд. Ва дар банди фикру хаёл буд, то чӣ гўяд. Ҳамин вақт Норӣ аз дар даромад. Муаллима ҳаросид. Шаҳбону зуд пай бурд, ки Норӣ барои чӣ омад.
— Барои ман омадӣ, Норинисо?
— Падарам туро кофтуков дорад, фармуд, ки туро ёфта барам.
— Ҷои маро гуфтӣ?
— Не.
— Норинисо, чӣ гап шудааст? Барои чӣ Шаҳбонуро ҷустуҷў мекунанд? – Масъаларо равшан карданӣ шуда пурсид Бихалифа.
— Намедонам, Шаҳбону ва Муродро мекобанд.
— Муродро? Аҳҳ!! Магар... магар ўро доштаанд?
— Намедонам, Шаҳбону! Падарам мегўяд, ки ҳардуятонро зуд ёфтан лозим.
Шаҳбону ба Бихалифа нигарист.
— Ту акнун имшаб гурехта наметавонӣ, Шаҳбону.
— Ман ҳоло бўғчаамро ҳам нагирифтаам.
— Ман рафта чӣ гўям, Шаҳбону?
— Гўй, ки наёфтам.
Норӣ сўи ў бо муҳаббат ва меҳрубонӣ чашмак зада баромада рафт.
Шаҳбону ба чашмони камнур ва рўи ботаровати Бихалифа, ки резаожангҳо дошт, нигоҳ карда монд, гўё аз як зан – аз як зане, ки неку бадро хуб медонад ва дар хусуси он бисёр мегўяд, имдод талаб мекард, ёрӣ мепурсид. Бихалифа низ дар ин вазъият бечора буд. Ў фақат метавонист чанд рўз Шаҳбонуро дар хонааш нигоҳ дорад, ба касе нишон надиҳад. Вале масъала ранги дигар дошт.
Шаҳбону бояд баъди шом ба сари кўра равад. Ба гумоне, ки мактубашро Ҳафиз гирифта бошад ва онҳо бояд ба дидор бирасанд ва бо ҳамин ба ҳам пайвастагие бигиранд...
— Ба ҳурмати худо, ба ту ҳеҷ мадад карда наметавонам. Туро нигаҳ дорам, аз оқибаташ метарсам. Рав гўям, ҷустуҷў доранд, ба даст афтӣ, кори хуб намешавад.
— Ман рафта ба ў мегўям, ки имшаб чизҳоямро гирифта натавонистам, шаби дигар мегурезем.
— Маслиҳат намедиҳам, Шаҳбону, – мўйҳои сиёҳи дар бари рўй ҳалқа задаи духтарро сила карда гуфт Бихалифа.
— Чӣ кор кунам, Бихалифа?
— Ту бимон, ман ба ҷои ту рафта, хабар медиҳам...





