— Куҷо будӣ? – худро ба даст гирифта натавониста ва ларзида пурсид Забур.
— Ҳеҷ ҷо, – ҳаяҷони зиёди падарро пай бурда ҷавоб гардонд духтар ва фаҳмид, ки ин ҷавоб падарашро қонеъ намегардонад, илова кард: – Назди Бихалифа рафта будам, дарс хондем.
— Шаҳбонуро надидӣ?
— Умм... не.
— Чӣ «умм... не»? Гўй, ки ў дар куҷо?
— Намедонам. Вақти рафтанам дар хона буд.
— Рафта, ёфта биёр!
Духтар дигар гапгардонӣ накарда, аз зери айвон ба паст фаромад. Ў медонист, ки Шаҳбону дар назди бихалифаи мактабдор Офтобхон аст ва албатта бо ў ягон маслиҳат ҳам дорад; аз парешон рафтанаш ҳам маълум, вале ба падар чизе нагуфт. Донад-надонад, чизе нагуфт. Лаҳзае пеш падар бо ишоре ба Норӣ фаҳмонд, ки бо Шаҳбону чизе шудааст ва ўро бадбахтие пеш омаданаш мумкин аст. Ў ба падар вонамуд кард, ки ба ҷустуҷўи Шаҳбону меравад.
Вале аз даричаи боғ баромада ҳайрон монд. Ҳарчанд ба куҷо рафтанашро медонист, аммо рафта наметавонист. Бори дигар аз даричаи кушода ба пас нигарист, ки падар рафтани ўро нигарон аст ё не. Дид, ки падар аз пасаш меояд, қасдан бозистод.
— Чӣ истодаӣ?! – шиддат кард падар.
— Охир, намедонам, куҷо равам?
— Куҷо рафтанаш мумкин?
— Чӣ донам? Охир, куҷо рафтанашро ба ман нагуфтааст. Куҷо ҳам меравад? Равад, боз ба хонаи мо меояд.
— Не, ту намедонӣ, шояд ў дигар наояд... Ўро зуд ёфтан лозим.
— Хайр, шумо ҳар ҷое, ки рав гўед, меравам.
Забур, ки ҷоеро тахмин накарда буд, чизе гуфта натавонист ва баргашта боз сўи кўра рафт...
Норӣ дид, ки падар аз боғашон гузашта, сўи боғи Калон меравад, ҷониби тангӣ раҳсипар шуд. Ҳавлии Офтобхон аз ҳавлиҳои дигар болотар – дар даҳони тангӣ ҷой гирифта буд. Девори хонаҳои ў аз гили сурх рост шуда буданд. Хонаҳои қатор пешайвони барқад дошт. Ў яке аз хонаҳои тарафи офтобрўяро мактабхона карда, худ дар он ҷо дарс медод. Азиз Тахмин писараш Ҳафизро назди Офтобхон гузошт, ки савод барорад ва баъд ба мадрасаҳои шаҳрҳои калон рафта таълим гирад. Шаҳбону низ ҳамдарси ў шуд. Вале шарикдарсии онҳо дер напоид. Падари Шаҳбону қазо кард. Чанд вақт гузашту модараш ба ҷои дур ба шавҳар расид.
Баччаҳоро низ ҳамроҳаш бурд, аммо дере нагузашта тағояш Забур рафта баччаҳоро овард. Шаҳбону боз ба мактаб рафт. Ҳар гоҳ дар назди Бихалифа чизеро арз карда ҳоли ўро парешон месохт. Ин аҳвол ба дили Ҳафиз шафқат овард. Баъд ў ба Шаҳбону меҳрубон барин нигоҳ мекардагӣ шуд.





