Вале худаш ин чизро пай намебурд.
Ў ба зери айвон ҳозир шуда. пай бурд, ки пояш хунук мехўрад:
ба даруни кафшаш барф даромада маҳсиаш об гузаронда буд. Ў боз аз занаш Шаҳбонуро пурсид.
— Наомадааст, – ҷавоб дод зан.
— Куҷо рафта буд?
— Ба ман нагуфтааст.
— Мурод чӣ?
— Мурод ҳам наомадааст.
Забур дастони аз сармо сурхшудаашро ба ҳам соида сўи кўча қадам ниҳод.
— Ба шумо чӣ шуд, мардак? – пурсид зан, вале мардак нашунида ангошта рафт. Ботинаш туғён дошт. Чунон пурташвиш буд, ки гўё лаҳзае дер монад, аз ҳама чиз маҳрум мегашта бошад. Ба сари роҳи калон баромада, ба атроф нигарист. Ҳама ҷоро барф иҳота карда буд. Ҳам замин ва ҳам дарахтон барфпўш буданд.
Ҳатто шохҳои сабз ва хушки бурси мазор ҳам барф мебардоштанд. Забур лаҳзае пеши назар овард, ки Мурод ҳам зери барф монда, ях бастааст ва дигар ба хизмати ў расида наметавонад.
Забур аз фикраш гашт. Мурод ўро сахт зарур шуд. Мехоҳад, ки писаракро ёфта, мактубро ба ў диҳад, то бурда, ба Ҳафиз расонад. Вагарна нақшаҳое, ки пас аз номаро хондан ба сараш омада буд, барбод мераванд. Ў Муродро меҷуст, вале тахмин ва ё яқин карда наметавонист, ки ў дар куҷо буда метавонад. Мардак бе ягон фикру мулоҳиза ба дарвозаи Азиз Тахмин рафт. Аввал дуру дароз андешаю мулоҳиза карда назди дарвоза истод, баъд ҳалқа ба дарвоза зад. Азиз Тахмин қомати баландашро хам карда, аз зинаҳои болохона фаромада омад ва дар таги дарвозахона як бор сурфида, дарвозаро кушод.
— Ассалому алайкум!
— Ваълайкум ассалом! Марҳабо, Забурбек, марҳабо!
— Муроди мо ҳамин ҷоҳо наомадааст?
— Не. Мурод ягон бор ҳам ба даргоҳи мо наомадааст. Тахмин, бо коре фиристода будед?
— Не, мабодо... Маъзур...
— Марҳабо, як пиёла чой.
— Дигар вақт, кори зарур дорам.
— Тахмин, ҳамин тавр. Забурбек, шуморо ҳеҷ гоҳ ин тавр пурташвиш ва парешон надида будам.
Забур гуё гапи ўро нашунид ва хайрухуш ҳам накарда, баргашт. Рўз гашт карда, ҳаво хунук шуда буд. Вақти нафас кашидан парраҳои биниаш ба ҳам мечаспиданд. Ў бинӣ меафшонд ва боз тез-тез қадам мегузошт. Башитоб ба хонааш баргашт. Ин дафъа духтараш Норӣ ўро зери айвон пешвоз гирифт:





