Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 198 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 198 аз 470 · 3 ноябри 2026

Гўё ягон дона ё ширеши хунукхў қасдан роҳи нафасро гирифтааст. Аз ҳаври нафас дар ин сардмоҳи қаҳратун дар тораи буруташ қатраҳои яхаксурат пайдо шуданд. Фағонаи ҳаври димоғаш ҳаври нафаси аспи таковарро мемонд. Ташвиши ногаҳонӣ ва аз ҳад зиёди ў рўҳи занашро парешон кард.
— Ун сияҳ…милла куҷост? – дам гирифта-дам гирифта пурсид Забур.
— Кӣ? – ҳайрон монда пурсид занак. Ў намедонист, ки шавҳараш духтарашонро мепурсад ва ё Шаҳбонуро.
— Модиён! Ту намедонӣ, ки кӣ? Намедонӣ, ки сияҳмилла кист?
Занак пай бурд, ки шавҳараш хито шудааст, ҳарфе нагуфта ба ошхона даромад. Мардак ҳам аз паси ў ба ошхона рафта, паси дар, даруни хамба ва ҳатто даруни қасабаро хабар гирифта, ҳайратзада берун баромад. Мисли сайёде, ки аз паси сайди захмдор тозад, худро башитоб сўи рахнаи боғ андохт. Пайи пое аз рахна гузашта буд. Забур пай гирифта ба боғи дигар гузашт. Пай то лаби кўраи боғи калони бобоияш рафт. Дили сахти Забур ба тапиш даромад, ки ҳозир ўро андаруни кўра пайдо мекунад ва аз миллааш дошта, рў-рўи барф кашолу молон то хона мебарад. Вале пай даруни кўра даромада ва он тараф сўи роҳи калон рафта буд. Алҳол дар рўи барфи боғҳо ҳамин пай ва боз пайи рўбоҳ ё шағоле, ки шабона ба деҳа мурғдуздӣ омада бошад, нақше дошту бас. Забур пай гирифта то рахнаи кўчабоғ рафт ва нақши пойро гум кард. Дандон соид.
Ва куҷо рафтанро надонист. Хеле сари рахна истод. Ва коғази маҷақ карда ба бағал андохтаашро кушода, зеҳн монд, ки гўё дар он хати сафари ин нақш кашида шуда бошад. Ў зеҳн монд, хеле зеҳн монд, вале чизеро пай набурд. Ҳарфҳои каҷукилеби рўи коғаз ба чашмонаш мисли мижаҳои шикаста халиданд. Ў як бор чашмашро пок кард ва ба хат дурусттар нигарист:
«Ҳафиз! Тағоям маро ба Ҳомид-қўрбошӣ тортуқ карданнст.
Ман бечора ҳастам ва илоҷе надорам... Баъди шом ба кўраи боғи Гарон биёед. Ман бўғчаамро он ҷо мемонам. Мегурезем...
Шаҳбону».
Забур, гўё касе пуршаст ба паси гарданаш фароварда бошад, якбора пас гашт ва боз сўи кўра рафт. Даруни кўраи сиёҳ даромада бўғчаро ҷустуҷў кард, бехи девори кўра ва зери барфро кофт. Нишоне аз бўғча набуд. Ў аз кўра баромад, ба назар сиёҳ гашта буд, гўё акси кўра зада бошад. Саллаи сабзи ў, ки аз даҳшати ҳавои сард гўшҳояшро ҳам фаро гирифта буд, сари ўро танг карда, ба дард овард. Рўи пуррааш ба назар хароб гашта буд ва чашми чапаш, ки аз чашми росташ ба андозае танг буд, аз зери абрўйи фарохаш базўр менамуд. Чунин мерасид, ки камонро ба сайде рост карда нишон мегирад. Манаҳаш дар зери риши муллоёна қайчизада меларзид.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан