Писарак чӣ зайл аз дасти тағо чанг зада гирифтани мактубро надонист. Акнун тамоми бадани ў пурдаҳшат меларзид. Писарак яқин кард, ки ҳам худаш ва ҳам хоҳараш зинда нахоҳанд монд. Ба назараш чунин расид, ки ў ба ғарами беда оташ зад ва боз хомўш карданӣ шуда, андаруни оташ монд ва пештар аз бедаҳо сўхт...
Мардак қати коғазро кушод.
Писарак гумон кард, ки тағо дасту пойҳои ўро аз танааш ҷудо мекунад, хаёле оринҷҳояшро ба паҳлўҳо пахш карда, солим ва ё носолим будани худро санҷид..
Рўёрў будани ин ду тан гургу барраеро ба хотир меовард, ки гург як бор барраро пахш карда ва дандон зада, сар дода бошад ва инак як қадам аз он дур истода, ба ҳолаш механдад, вале барраи бечора дар ғами ҷони худ дир-дир меларзад. Ў ҳам меларзаду меларзад, вале ёд надорад, ки ягон вақт ларзаи пойҳояш қарор гирифта бошад. Ҳамин ки падараш мурд ва пас аз чанд вақт модараш шавҳар ёфта, ба деҳаи дигар рафт ва падарандараш ба онҳо рўи хуш надод, тағояш Забур ор карда хоҳарзодаҳоро ба тарбияти худ гирифт. Аз ҳамон рўз Шаҳбону ва Мурод дар хонаи тағояшон худро ятим ҳис карданд. Забур агар рўзе як бор бо баҳонае яктимонро сарзаниш накунад, илмаш қарор намегирифт...
Мурод беҷо шудани авзои тағояшро дида, аз баҳри хотирот ва андешаҳо даргузашт ва гумон кард, ки пурдаҳшаттарин рўзи ў ҳамин рўз аст. Ў гўӣ тўри ба моҳӣ партофтаашро бо умеде аз баҳр мекашид. Дастонаш, бозувонаш ва рагу паяш пурқувват ва таранг буданд, вале моҳии азим ўро дида якбора талвосаи ҷон кард ва тўру худи ўро кашида боз ба об рафт. Дастони бачча бемадор шуд ва тўрро раҳо кард...
Варақи дасти мардак меларзид:
— Инро ба кӣ мебарӣ? – аз бачча ҳам зиёдтар ларзида гуфт ў.
— Намедонам.
— Чӣ хел намедонӣ?
— Вай аз они ман не.
Забур нигарони баҳсу мунозира нашуда, бори дигар кашидаву кушода ба баногўши Мурод зад, ки аз зарбаш худ силтав хўрда саллааш афтид. Ва бачча базўр як-ду бор пояшро аз даруни барфи канори роҳ кашида пушт рафт, вале қувваташ кифоя накарда ба паҳлўи рост афтид ва оринҷаш ба барф фурў ғўтид. Аммо мардак ба ў эътиборе надода, гўё ки хонаашро оташ зада бошанд, башитоб сўи ҳавлӣ рафт.
2
Ҷаҳлу ғазаб Забурро ба ҳолате оварда буд, ки базўр нафас
мегирифт; нафасаш кўтоҳ ва якка мешуд. Ҳарчанд мехост, ки як нафаси дароз кашида бори дилашро сабук кунад, вале роҳи нафас танг шуда буд.





