— Муттаҳам, ту чӣ кор карда истодаӣ?
Бачча ба ҷои ҷавоб сар ҷунбонд.
— Девона шудӣ? Забонатро хўрдӣ?... Чӣ?!
Писарак боз сар ҷунбонд. Вале тағо рафтору кирдори ўро бардошта натавониста, чунон ба бари рўи чапаш зад, ки пояш ба рўи барф надошта, ба пушт афтид. Ў бо дасти рост бари рўяшро медошт, вале дасти чап ҳоло ҳам зери бағал буд. Писарак фарёд назад. Аввал аз чашмонаш оташ парид, баъд ашк ҷорӣ шуд. Ў ба оринҷи чап ва зонуҳояш такя карда, бархост. Ба рўяш нақши панҷаи марди пурзўр аён буд. Писарак мисли гўсфанди сўре, ки ба ресмонкашии одамӣ итоат накарда, чаҳор дасту пойро тира монда, вазн ба ақиб меандозад, оҳиста-оҳиста пас-пас рафт.
— Ба дастат тир задааст-чӣ? – гўё ҷои ҷони ўро ёфта, пурсид тағо.
«Не» – боз сар ҷунбонд писарак ва оринҷи росташро ба рўи дасти чапаш сахттар фишурд.
— Канӣ, нишон деҳ, ягон чизи касеро дуздидӣ? – аз чизе гумонбар шуда пурсид тағо.
Писарак худро гум накарда оҳиста дасташро аз зери бағал кашида гирифт ва нишон дод. Марди пурдида пай бурд, ки чизе зери оринҷи ў монд.
— Оринҷатро бардор!
Писарак ба ҷои фармонро иҷро кардан як қадам ақиб ҷаҳид ва рўй тофта гурехт.
— Исто!... Наистӣ, дорам, мекушам!
Писарбачча як суст шуд, вале боз дар дилаш ғуруре пайдо гашт, ки тезтар тохт. Ҳамин вақт дар хами пояш зарби сахте расид.
Бачча мувозинатро гум карда, саропо рафта, афтид. Ҳавли ҷон дастҳояшро ба замин тир кард. Дастҳо даруни барф фурў шуданд.
Ў чизеро аз даруни барф бознагирифт ва то қомат рост кард, ки тағо даррасида баччаро лагад зад.
— Худоноумед, барои чӣ мегурезӣ? Аз хонаи ман рафтанӣ бошӣ, рафтан гир, аммо ба ин беномусӣ не, маро шармандаву шармсор накарда рав! Ту ба ман чӣ лозим? Нонхўри сарзиёдатӣ...
Охир, куҷо мегуреезӣӣ!!! – дандонҳояшро ба ҳам фишурда, аз ду ҷониби гиребони ў гирифта, афшонд. Каллаи гўё аз ихтиёр рафтаи ў бар гардани бемадораш бозӣ мекард, баъд телпаки аз пўсти барраи ҷаъдмў дўхта, ки имрўз ҷо-ҷо ҷингилаҳо монда, худи он ба бузи гаргин монанд шуда буд, аз сараш парид. Марди каппа-калон боқии ҷаҳлу ғазаб аз телпаки бачча гирифтанӣ шуда, онро чунон бо лагад зад, ки қадди дарахт рост баромада, боз ба рўи барф афтид. Ва зарби пои ў аз зери барф коғазеро ҳам рўи барф овард. Аввал мардак ба он эътиборе надод, вале дид, ки чашми писарбачча ба он афтида беқарор гашт, хам шуда коғази қатгаштаро бардошт.





